Рӯзҳои 17–18 уми май дар ноҳияи Қӯшработ таҳти мавзӯи «Нақши эҷоди Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли ва мероси адабии мактаби достонсароии Қӯрғон дар рушди маънавӣ-фарҳангии Ӯзбекистони Нав» конфронси байналмилалӣ ва озмуни ҷумҳуриявии бахшиҳо баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бонуфуз, ки дар ноҳия бори аввал гузаронида шуд, бахшиҳои шинохта, олимони Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар ривоҷи санъати бахшигӣ саҳм мегузоранд, шоиру нависандагон, аҳли фарҳанг ва намояндагони ҷамоатӣ иштирок карданд.
Фолклоршиноси маъруф ва яке аз ташкилкунандагони ин чорабинӣ Шомирзо Турдимов гуфт, ки дар конфронси байналмилалӣ оид ба эпосҳои мардумии ӯзбек, мазмуну моҳияти онҳо хулосаҳо баён гардиданд. Зарурати тарғиби санъати бахшигӣ дар байни авлоди ҷавон ёдовар карда шуд.
Дар анҷуман олимони хориҷӣ доир ба эҷодиёти даҳонакии халқи ӯзбек, аз ҷумла, санъати бахшигӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
— Корҳое, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи санъати бахшигӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани он анҷом дода мешаванд, шоистаи таҳсин аст, — гуфт профессори Донишгоҳи Эгеии Туркия Селамӣ Фидакар. — Дар деҳаи дурдаст бунёд гардидани маҷмаа ба хотираи бахшии мардумӣ, Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли ва баргузории чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар ин ҷо мисоли равшани сухани мост. Бояд гуфт, ки вохӯрии олимону фолклоршиносони чандин кишвар, ки дар ин самт корҳои илмӣ мебаранд ва ташкили конфронси илмӣ бо иштироки онҳо низ барои рушди санъати бахшигӣ хизмат хоҳад кард.
Озмуни бахшиҳо дар байни ҷавонони аз 7 то 18 сола ва аз он калонтар ташкил карда шуд. Дар ин озмун аз минтақаҳои гуногуни кишвар қариб 100 нафар бахшиҳо маҳорати худро санҷиданд.
— Мо барои муайян кардани ғолибони ин озмун, ки бори аввал дар миқёси ҷумҳуриявӣ дар деҳаи Қӯрғон гузаронида шуд, роҳи ғайриодатиро интихоб кардем, — гуфт узви ҳайати доварон, Бахшии халқии Ӯзбекистон Қаҳҳор Раҳимов. — Одатан дар чунин озмунҳо бахшиҳо, махсусан ҷавонон танҳо бо сурудани порчаҳои шеърӣ (терма) кифоят мекарданд. Дар озмуни имрӯза саволҳо доир ба ҳаёт ва фаъолиятиЭргаш Ҷуманбулбул ӯғли низ ба миён гузошта, аз бахшиҳо на порчаҳои шеърӣ, балки сурудани порчаҳои ҳамосавӣ талаб карда шуд. Барои иштирокчиёни аз 7 то 18 сола достони «Равшанхон» ва барои калонсолон ҳамосаи «Кунтуғмиш» интихоб шуд. Ба ин тартиб, ғолибон аз рӯи зиёда аз даҳ номинатсия аниқ гардиданд.
— Барои иштирок дар озмун аз Қароқалпоқистон омадам, — гуфт Гулназхан Ӯтепбергенова. — Дар рафти омодагӣ бо ҳаёт ва эҷодиёти Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли аз наздик шинос шудам. Аз порчаҳои шеърӣ ва достонҳояшон аз ёд кардам ва дар радифи ғолибон ҷой гирифтам.
Дар доираи чорабиниҳо дар теппаҳои деҳаи дурдасти Пангат сайлҳои мардумӣ, ҳунарнамоии ансамблҳои фолклорӣ, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардид. Инчунин, дар адирҳои деҳаи Қаротош мусобиқаи бузкашӣ баргузор шуда, дар он беш аз 100 нафар човандозҳо иштирок карданд.
Чорабиниҳо бо барномаи консертӣ дар варзишгоҳи маркази ноҳия анҷом ёфт.
Мухбири худамон.
Бахшиҳо дар Қӯшработ ҷамъ омаданд
