Ovozi.uz

Густариши робитаҳои иқтисодӣ бо Малайзия

Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим, ки рӯзҳои 17–19‑уми май ба диёрамон ташрифи расмиро анҷом дод, рӯзи 18‑уми май ба Самарқанд омад.
Меҳмони баландмартаба бо роҳбарони ҳукумати мамлакатамон дар бизнес-­форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Малайзия иштирок намуданд.
Ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. Хоҷаев таъкид кард, ки солҳои охир робитаҳои тиҷоратӣ-­иқтисодии давлати мо бо Малайзия инкишоф ёфта, ташрифи мазкур барои боз ҳам васеъ шудани ҳамкорӣ хизмат хоҳад кард. Дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар мамлакатамон амалӣ шуданд, муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуд, қонунгузорӣ такмил ёфт ва барои озод намудани иқтисодиёт сиёсати фаъолона роҳандозӣ гардид.
Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим дар форум таъкид кард, ки ба Ӯзбекистон ҳамчун ҳайати дипломатӣ не, пеш аз ҳама чун дӯст омадааст.
— Аз фикрҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбарони ҳукумат роҷеъ ба ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат мо ба хулосае омадем, ки бо Ӯзбекистон ҳамкорӣ кардан мумкин аст, — гуфт Анвар Иброҳим. — Аз ҷумла, боварӣ дорам, ки ҳамкории мо дар самтҳои энергетика, технологияҳои рақамӣ ва сайёҳӣ ояндаи хуб дорад. Ман ҳангоми сӯҳбат бо Президенти Ӯзбекистон ва намояндагони ҳукумат гуфтам, ки барои ривоҷдиҳии мамлакат майли фаъолонаи шуморо дидам ва онро дастгирӣ мекунам.
Сарвазири Малайзия маҷмааи муҳаддиси бузург Имом Бухориро зиёрат кард. Аз сураҳои Қуръон тиловат ва дар ҳаққи муҳаддиси бузург дуо намуд.
Ба меҳмони олимартаба дар бораи бунёдкориҳои бузурге, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар иншооти мазкур амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд.
Сипас, роҳбари ҳукумати Малайзия дар Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ бо фаъолият, корҳои тадқиқотие, ки дар ин ҷо амалӣ мешаванд шинос гардид. Ба Анвар Иброҳим асарҳои Имом Бухориро, ки олимони марказ ба нашр тайёр кардаанд, тӯҳфа намуданд.
Сарвазири Малайзия чанд қадамҷой ва обидаҳои дигари Самарқандро низ зиёрат кард. Анвар Иброҳим вақте аз мадрасаҳои майдони Регистон дидан мекард, эътироф намуд, ки замини Самарқанд аз азал маркази илму маърифат ва маданият буд.

Алишер ИСРОИЛОВ.