Ovozi.uz

Байни институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ мулоқоти ошкоро ташкил карда шуд

Бо ҳамкории Ҳокимияти вилоят, комиссияи ҷамъиятии назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят, садорати адлияи вилоят, шуъбаи вилоятии Фонди ҷамъиятии дастгирии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлис ва шуъбаҳои вилоятии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар садорати адлияи вилоят бо иштироки намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоти ошкоро ташкил карда шуд.

Чорабинӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссияи ҷамъиятӣ Ф.Тошев баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҳокимияти вилоят С.Баймуродов, ҷонишини сарвари садорати адлияи вилоят М.Курбонов, инчунин масъулони 23 ташкилоти давлатӣ ва 210 намояндаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.

Дар он дар бораи татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии минтақа, таъмини шуғл, дастгирии бонувон ва ҷавонон, ҳалли муаммои экологӣ ва пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.