Чӣ тавре дар шумораҳои гузаштаи рӯзномаамон хабар дода будем, дар донишгоҳи Брюссел (Белгия) дар асоси барномаи ERASMUS+ анҷумани бошукӯҳи байналхалқии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хосатан Донишгоҳи давлатии Самарқанд, бо роҳбаладии ноиб-ректор (проректор), доктори фанҳои физика-математика, профессор Аҳмадҷон Солеев низ ширкат варзиданд. Бо ҳамин муносибат ӯ ба чанд пурсишҳоямон посух дод.
— Бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон Ш.М.Мирзиёев риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон рӯз то рӯз ривоҷу равнақ меёбад, — иброз дошт Аҳмадҷон Солеевич. — Боиси хушнудист, ки Донишгоҳи давлатии Самарқанд қариб бо 265 мактабҳои олии дунё шартномаҳои ҳамкорӣ баста, ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзӣ вусъат меёбад. Яке аз чунин таълимгоҳҳо Донишгоҳи Брюссел аст, ки чанде пеш вакилони муассисаи мазкур ба Самарқанд ташриф оварда, дар чорабинии пуршукӯҳи байналхалқӣ иштирок намуда буданд.
Мо дар навбати худ бо профессори кафедраи оптика ва спектросопия Абдувоҳид Ҷумъабоев ва мудири кафедраи математикаи таҳлилӣ дотсент Ғафурҷон Ҳасанов, инчунин, кормандони илмии Донишгоҳи давлатии технологияҳои иттилоотии Тошканд сӯйи Брюссел парвоз намудем.
Вохӯрӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи «Магистратураи нав оид ба алоқаҳои фотоника ва оптика барои қонеъ намудани эҳтиёҷи бозори меҳнатии телекоммуникатсионӣ дар Ӯзбекистони Нав» баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур яке аз барномаҳои бонуфузи сохтори таълими олӣ ба шумор меравад. Ман дар анҷуман бо маърўза баромад карда, ҳисобот додам, ки яке аз онҳо дар тасарруфи кафедраи оптикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таъсис ёфтани магистратура доир ба фотоника аст.
— Мӯҳтарам Аҳмадҷон Солееевич, фотоника чист ва барои чӣ дар Ӯзбекистони Нав ба ин самт диққату эътибори хоса зоҳир мешавад?
— Фотоника илмест оид ба омӯзиши ҳаракати нур, равшанӣ, спектори лаппиши ултрасурх ва ғайра мебошад, ки дар технологияи муосир, аз он ҷумла телекоммуникатсия, тиббиёт, энергетика, ҳисоббарории квантӣ ва амсоли онҳо фаровон истифода мебаранд. Имрӯзҳо ҷарроҳии лазерӣ, ташхисҳои бемориҳои гуногун бо кумаку ёрии фотоника амалӣ мешаванд.
Навиди ҷолиби диққат он аст, ки комёбиҳо дар мактаби олии мо хуш пазируфта шуд ва мо соҳиби грант ба арзиши 86 ҳазор евро шудем. Дар рӯзҳои наздик ин маблағ ба ҳисоб-рақами донишгоҳи мо ворид хоҳад шуд. Ба ин маблағ асбобҳои лаборатории фотоника харида мешавад. Боз шаш мактабҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби чунин грант шуданд.
Боз меморандум, яъне шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд, ки дар соли 2025 ду нафар донишҷӯ барои таҳсил ва ду нафар устодон барои такмили ихтисос ба Брюссел сафар хоҳанд кард. Хараҷоти онҳоро донишгоҳи Брюссел аз ҳисоби худ пардохт мекунад.
Соли оянда мо дар анҷумани байналхалқии донишгоҳи Турини Италия низ иштирок менамоем.
— Гуфта метавонед, ки дар Белгия ҷараёни таҳсил чӣ тавр мебошад?
— Бояд иқрор шуд, ки нисбати Самарқанд беҳтару хубтар. Ҷавонон барҳақ ташнаи илму дониш ҳастанд. Ба назарам, ҷои дӯстдоштаи онҳо китобхона, толори варзиш, таҳлилхона барои таҷрибаомӯзӣ.
Чунин манзараи илҳомбахшу ибратомӯзро дар мактабҳои олии Хитой, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Исроил, Эрон ва ғайра мушоҳида карда будам. Умуман, қариб дар 50–60 мамлакати ҷаҳон сафар карда, як олам таассурот гирифтам.
— Устоди арҷманд, сабаби аслии мамематикаро интихоб намудани хешро шарҳу тавзеҳ медодед.
— Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 16‑и ноҳияи Самарқанд муаллими сахтгир, вале меҳрубону дилсӯз Сайфиддин Нарзиев тавонистаанд ба қалби мо, шогирдон муҳаббат ба фанни «дилгиркунанда»-ро бедор созанд. Барои ҳамин, ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷатҳои худро супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузаштам. Дар арафаи хатми мактаби олӣ аз Маскав олими ҷавон, доктори фанҳои физика-математика, профессор Александр Дмитревич Брюно омада буд.
Вай чанд муддат ба мо сабақ дод, имтиҳон гирифт ва қабл аз бозгашт ба ватан аз ман пурсид:
— Магар шумо нияти дар Русия таҳсил гирифтан надоред? Ман роҳбари илмӣ мешудам.
Аз пешниҳоди ногаҳонӣ вуҷудамро ҳаяҷону таҳлука фаро гирифта, ҷавоб додаам, ки бо волидайн маслиҳат кунам.
Падари бузургворам ва модари ғамхорам розигӣ дода, бо дуои хайри эшон ба Маскав рахти сафар бастам. Тӯли се сол рисолаи номзадӣ ва баъд доктори фанҳои физика-математикаро дифоъ карда, дар донишгоҳи Самарқанд аз муаллими оддӣ то дараҷаи профессор, проректор расидам.
Ба маълумоти шумо расонам, ки ман бо устодам, шодравон Маъруф Исроилов чанд сол қабл барои мактабҳои олӣ китоби дарсӣ иборат аз се ҷилд навишта будем. Хушбахтона, он бори дуввум аз нашр баромад. Ғайр аз он, ман боз 6–7 китоби дарсӣ ва садҳо адад мақолаҳои илмӣ-методӣ иншо намудам, ки ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ рӯи чопро дидаанд. Ҳоло ҳам бо корҳои илмӣ ва таълиму тарбияи шогирдон машғул ҳастам.
— Маслиҳати шумо барои боз ҳам бештар шавқманд гардонидани насли наврас ба илму фан?
— Аз бузургворе пурсидаанд: «Умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард?» Вай ҷавоб додааст: «Ба таҳсили улум.»
Боиси ифтихору хушнудист, ки Президенти мӯҳтарами мо барои омӯхтани илму дониш тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Вале афсӯс, ки баъзе ҷавонон вақти хешро ба корҳои беҳуда сарф мекунанд. Чанде пеш дар Донишгоҳи мо вохӯрии донишҷӯён бо Вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қӯнғиротбой Шарифов ба вуқӯъ пайваст. Зимни мулоқот вазир таъкид намуд, ки яке аз вазифаҳои асосии вазорат бо таълими олӣ фаро гирифтани ҷавонони соҳибистеъдод ва барои онҳо муҳайё кардани шароити мусоид ба таълиму тарбия гирифтан аст. Бинобар ҳамин, ҳар як донишҷӯ дар назди худ мақсаду вазифа гузорад, ки аз имкониятҳои мавҷуд пурсамарона истифода бурда дониш гирад ва барои бунёди Эҳёи Сеюм дар Ӯзбекистони Нав саҳмгузор бошад.
Зоҳир Ҳасанзода
