Ovozi.uz

Шаффофияти иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорон

Андоз

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба буҷети вилояти Самарқанд беш аз 6 триллион сӯм ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша қариб 739 миллиард сӯм зиёд аст.

Дар паси ин рақамҳо фаъолияти барқароршудаи корхонаҳо, ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон ва талошҳое қарор доранд, ки барои аз соя берун овардани фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ гардидаанд.

Имрӯз фаъолияти мақомоти андоз на танҳо аз ҷамъоварии андоз ва назорати пардохти он иборат аст. Таваҷҷуҳи бештар ба дастгирии соҳибкорон, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат, содагардонии расмиёти андозсупорӣ ва мубориза бо фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ равона карда мешавад.

Дар вилояти Самарқанд ин чорабиниҳо аллакай натиҷаҳои мушаххас медиҳанд. Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026, дар ҳоле ки нақшаи воридоти маблағ ба буҷети минтақа 5 триллиону 341,5 миллиард сӯм буд, дар асл 6 триллиону 80,2 миллиард сӯм ворид гардид. Ҳамин тариқ, нақша ба андозаи 738,7 миллиард сӯм барзиёд иҷро шуд.

Дар семоҳаи сеюм низ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар ин се моҳ ба буҷет 2 триллиону 255,8 миллиард сӯм ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 574 миллиард сӯм зиёд аст. Ин нишондиҳандаҳо, пеш аз ҳама, ба он вобастаанд, ки мақомоти андоз бевосита дар ҷойҳо ба ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

Аз ҷумла, нозирони андоз дар ҳамкорӣ бо намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» ба таъсиси соҳибкории хусусӣ, барқарор кардани фаъолияти корхонаҳои муваққатан аз кор бозмонда, пайдо кардани имкониятҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба расмият даровардани фаъолияти соҳибкорон тибқи талаботи қонунгузорӣ ёрӣ мерасонанд.

Дар натиҷаи ин тадбирҳо, дар нуҳ моҳи соли равон фаъолияти 5 ҳазору 105 субъекти соҳибкорӣ барқарор карда шуд. Ҳамчунин, 860 иншооти қаблан истифоданашаванда ба фаъолият шуруъ намуданд ва 897 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Боз 593 соҳибкор, ки қаблан фаъолияташонро ба таври расмӣ ба қайд гирифта набуданд, фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварданд.

Нишондиҳандаҳои корхонаҳо, ки амал мекунанд, низ рӯ ба афзоиш доранд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии гардиши молии онҳо ба 73,9 триллион сӯм расид, ки нисбат ба соли гузашта 6,9 дарсад зиёд мебошад. Ҳамзамон, шумораи кормандони ин корхонаҳо ба 19,8 ҳазор нафар афзудааст.

Технологияҳои замонавӣ дар баланд бардоштани шаффофияти иқтисодиёт нақши муҳим доранд. Имрӯз ҳисобнома-­фактураҳои электронӣ ва хазинаҳои онлайнию назоратӣ имкон медиҳанд, ки амалиёти тиҷоратӣ ба қайд гирифта шуда, содда намудани ҳисобу китобҳо осон ва пинҳон доштани даромадҳо пешгирӣ карда шаванд.

Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар вилояти Самарқанд тавассути кассаҳои онлайнӣ беш аз 81 миллион чек ба расмият дароварда шуд. Ҳаҷми умумии харидҳо аз рӯйи ин чекҳо 29,4 триллион сӯмро ташкил кард.

Илова бар ин, ҳаҷми гардиши моле, ки тавассути ҳисобнома-­фактураҳои электронӣ ба расмият дароварда шудааст, бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ба 73,4 триллион сӯм расид.

Аҳамияти ин ҷараён дар чист? Вақте соҳибкорон фурӯши молу маҳсулот ва хидматрасониҳоро расман ба қайд гирифта, ба харидорон чек пешниҳод мекунанд, давлат дар бораи фаъолияти иқтисодӣ маълумоти дақиқ ба даст меорад. Ин барои коҳиш додани гардиши пинҳонии молу хидматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити баробар барои ҳамаи иштирокдорони бозор мусоидат мекунад.

Дар минтақа ба масъалаи мубориза бо иқтисодиёти пинҳонӣ низ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мекунанд. Зеро вақте соҳибкориро ба қайд нагирифта, пеш мебаранд, ё як қисми даромадҳо пинҳон дошта мешаванд, буҷет аз воридоти андоз маҳрум мегардад ва соҳибкорони бовиҷдон дар шароити нобаробар қарор мегиранд.

Бо мақсади ҳалли ин масъала, дар вилояти Самарқанд аз рӯйи 38 самт тадбирҳои мушаххас муайян гардида, ба ин кор мақомоти дахлдори давлатӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон амалиёти иқтисодӣ ба маблағи 12 триллиону 78,9 миллиард сӯм аз гардиши пинҳонӣ берун оварда шуд. Бар асоси манбаъҳои муқарраршудаи коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ, натиҷаи ба даст овардашуда 2 триллион 355,4 миллиард сӯмро ташкил дод. Нақшаи нуҳмоҳа 112,5 дарсад иҷро гардид.

Дар баробари ин, низоми андоз на танҳо аз соҳибкорон риояи талаботи қонунро тақозо мекунад, балки барои онҳо имкониятҳои иловагӣ низ фароҳам меорад.

Аз ҷумла, аз аввали сол ба 3 ҳазору 370 корхонаю ташкилот дар 5 ҳазору 994 маврид, бидуни гузаронидани санҷиш, ба таври автоматӣ маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба миқдори умумии беш аз 272 миллиард сӯм баргардонида шуд.

Ҳамчунин, 1 ҳазору 382 соҳибкори соҳаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва хидматрасонӣ барои гузаштан ба тартиби содакардашудаи ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда огоҳинома пешниҳод карданд.

Дастгирии соҳибкорӣ ҳамчунин дар доираи барномаи авфи иқтисодии «Имконияти дуюм» амалӣ карда мешавад. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома, нисбат ба 946 корхона ҷаримаҳои маъмурии пардохтнашуда ба маблағи умумии тақрибан 2,7 миллиард сӯм бекор карда шуданд. Сухан дар бораи ҷаримаҳое меравад, ки барои сари вақт пешниҳод накардани ҳисоботи андоз баста шудаанд.

Чунин тадбирҳо ба соҳибкорон имкон медиҳанд, ки сарбории молиявии худро кам намуда, хатогиҳои роҳдодаро ислоҳ кунанд ва фаъолияти худро дар доираи қонун идома диҳанд.

Албатта, ҳанӯз масъалаҳое низ ҳастанд, ки ҳалли онҳо талошҳои минбаъдаро тақозо мекунад. Баъзе соҳибкорон то ҳол ҳаҷми пурраи фурӯши худро дар ҳисобот инъикос намекунанд. Дар маълумоти марбут ба объектҳои ғайриманқул ва қитъаҳои замин низ номувофиқатӣ ба назар мерасанд. Ҳамчунин, зарурати минбаъд кам кардани қарзи андоз боқӣ мемонад. Имрӯз муҳим он аст, ки мақсад на танҳо ҷамъоварии бештари андоз, балки мусоидат ба фаъолияти расмии соҳибкорон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёт бошад. Зеро иқтисодиёти шаффоф маънои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини воридоти устувори маблағ ба буҷет ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони вилоятро дорад.

Даврон РАВШАНОВ,
роҳбари хидмати матбуоти Садорати андози вилоят