Хизматрасониҳои давлатиро барои ихтироъкорон, муаллифон ва соҳибкорон чӣ хел қулай гардондан мумкин аст? Ин масъала дар форуми байниминтақавӣ, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Форум роҳбарону намояндагони идораҳои моликияти интеллектуалии кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқӣ ва давлатҳои араб, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро гирд овард. Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии моликияти интеллектуалӣ (зеҳнӣ) баргузор гардид.
Дар оғози форум вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акбар Тошқулов иштирокдоронро шодбош гуфта, аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ таъкид кард.
Сипас, вазир ва раиси Идораи моликияти интеллектуалии Миср Ҳишом Азӣ дар бораи тағйир ёфтани нақши идораҳои миллии моликияти интеллектуалӣ дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ сухан гуфтанд.
— Имрӯз идораи моликияти интеллектуалӣ танҳо муассисае нест, ки дархостҳоро қабул карда, онҳоро месанҷад ва ҳуҷҷатҳои ҳифзи ҳуқуқ медиҳад, — гуфт директори Шуъбаи кишварҳои дорои иқтисодиёти давраи гузариш ва кишварҳои пешрафтаи Созмони ҷаҳонии моликияти интеллектуалӣ Ҳабиб Асан. — Аз фаъолияти чунин идораҳо вобаста аст, ки ғояҳои нав то чӣ андоза зуд ҳимояи ҳуқуқӣ пайдо мекунанд, соҳибкорон то чӣ андоза боэътимод тамғаҳои тиҷоратии худро ба бозор мебароранд ва ихтироъҳо чӣ гуна ба маҳсулоту технологияҳои зарурӣ табдил меёбанд. Аз ин рӯ, иштирокдорон зарурати гузаштан аз усулҳои кӯҳнаи идоракунӣ ба низоми муосирро баррасӣ карданд. Дар ин низом бояд талаботи мардум, сифати хизматрасонӣ ва натиҷаи воқеии кор дар ҷойи аввал бошанд.
Дар идомаи форум масъалаи идоракунӣ бо такя ба натиҷаи кор муҳокима шуд. Иштирокдорон роҳҳои самаранок истифода бурдани захираҳо, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ҳаррӯзаи кормандон ва иҷрои вазифаҳои асосии ташкилотро баррасӣ карданд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин масъалаи муайян кардани самаранокии кор баррасӣ гардид.
Иштирокдорон дар бораи таҳияи нишондиҳандаҳои асосии самаранокӣ (KPI), истифодаи принсипҳои SMART, муайян кардани мақсадҳои мушаххас ва санҷидани сифати фаъолияти идораҳо табодули назар карданд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҳангоми баҳодиҳии кори идораҳо на танҳо суръати баррасии дархостҳо, балки сифати санҷиши онҳо, дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ, қаноатмандии муроҷиаткунандагон ва истифодаи дурусти маблағу захираҳои кадрӣ низ ба назар гирифта шаванд.
Замира БОЛТАЕВА
