Ovozi.uz

Имкониятҳои нав дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳраки Ширин

Имрӯзҳо рушди комплексии минтақаҳо, ташаккули инфрасохтори замонавии шаҳрсозӣ, ҷалби васеи сармояҳои хориҷиву маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Алалхусус, шаҳраки Ширин, ки дар шаҳри Самарқанд бунёд мегардад, на танҳо як маҳаллаи нави истиқоматӣ, балки лоиҳаи бузурги шаҳрсозист, ки дар оянда ба маркази замонавии соҳибкорӣ, маъмурӣ, савдо, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.

Фармони Президенти мамлакатамон аз 10‑уми ноябри соли 2026 таҳти рақами ФП‑243 маҳз барои дастгирии чунин лоиҳаҳои бузург, ҷалб кардани сармоя ва суръат бахшидан ба ҷараёнҳои бунёдкорӣ имкониятҳои навро муайян намуд.

Яке аз муҳимтарин навовариҳое, ки бо фармон муқаррар шудааст, роҳандозии низоми махсуси ҳуқуқӣ дар шаҳраки Ширини шаҳри Самарқанд мебошад. Мувофиқи иловаи 1‑и ин ҳуҷҷат, массиви Ширин ҳамчун қаламрави махсус бо масоҳати 665,15 гектар муайян карда шудааст.

Рушди ин қаламрав аз ҷониби Дирексияи сохтмони Маркази тиҷоратии муосир ва Маҷмааи истиқоматии Ширин анҷом дода мешавад. Ин барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар шаҳраки Ширин, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон ва суръат бахшидан ба ҷараёнҳои сохтмонӣ хизмат хоҳад кард.

Яке аз мақсадҳои асосии фармон дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои бузурги рушди шаҳрсозӣ бо арзиши 50 миллион доллари ИМА ва бештар аз он мебошад.

Барои шаҳраки Ширин ин имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:
— Ҷалби васеи сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ;
— Сохтмони марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва маҷмааҳои муосири савдо;
— Ҷалби бренди меҳмонхонаҳои байналхалқӣ;
— Рушди инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ва сайёҳӣ;
— Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғл.

Дар натиҷа, минтақаи Ширин ба яке аз марказҳои нави фаъолияти иқтисодии Самарқанд табдил меёбад ва барои сармоягузорон имтиёзҳои андозӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Инчунин, дар фармон барои ҳавасмандгардонии сармоягузорон як қатор имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ муқаррар карда шудаанд.

Аз ҷумла:
— ҳангоми анҷом додани сармоягузории мустақим ба маблағи на камтар аз 50 миллион доллар, барои фоида аз иҷора ва фурӯши иншооти лоиҳавӣ ба муддати 5 сол меъёри андози фоида ба андозаи 1 фоиз татбиқ карда мешавад.
— дар сурати ба 100 миллион доллар ё зиёда аз он расидани ҳаҷми сармоягузорӣ, мӯҳлати мазкур 10 солро ташкил медиҳад.
— агар ҳаҷми сармоягузорӣ на кам аз 500 миллион долларро ташкил диҳад, муҳлати пешниҳоди имтиёзҳо 15 сол муқаррар карда мешавад
— барои объектҳои лоиҳаҳое, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, озодкунӣ аз андозаҳои молу мулк ва замин ба муҳлати 20 сол пешбинӣ шудааст.
— баъзе техника, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ, ки дар доираи лоиҳа ворид мегарданд, аз боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Ин имтиёзҳо барои баланд бардоштани ҷолибияти иқтисодии татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар шаҳраки Ширин хизмат хоҳанд кард. Дар ин ҳолат, имтиёзҳо дар сурати риояи ҳамаи талаботи дар Фармон зикршуда татбиқ карда мешаванд.

Мувофиқи Фармон, тартиби дар минтақаҳои махсус ба иҷора додани қитъаҳои замин муқаррар карда мешавад.

Ин механизм имкон медиҳад, ки ба қитъаҳои замини холии шаҳраки Ширин сармоягузарон ҷалб гардида, онҳо дар асоси лоиҳаҳои мушаххас азхуд карда шаванд ва корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом дода шаванд.

Аз ҷумла, пешниҳоди қитъаҳои замини омода барои сохтмон тавассути музояда ва тендерҳо, инчунин пешакӣ пешниҳод намудани шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ-­коммуникатсионӣ барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин, барои шаҳраки Ширин дар масъалаи муайян намудани ҳаҷми сармоягузорӣ татбиқи коэффитсиенти коҳишдиҳандаи 0,6‑ро, ки дар иловаи 1‑и Фармон нишон дода шудааст, пешбинӣ мекунанд.Дар Фармон ба содда кардани баъзе расмиёти вобаста ба сохтмон, тарҳрезӣ ва иҷозатномадиҳӣ диққати махсус дода шудааст.

Аз ҷумла:
Кам кардани монеаҳои маъмурии нолозим дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ;
Фароҳам овардани дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва техникии байналмилалӣ ва хориҷӣ;
Татбиқи усули «зудрав», ки тарҳрезӣ, харид ва сохтмони ҳамзамонро дар бар мегирад;
Интиқоли ваколатҳои дахлдор ба раёсатҳо дар соҳаҳои махсус;
Суръат бахшидан ба равандҳои сохтмон ва роҳандозии технологияҳои муосир.

Хулоса, Фармони мазкур заминаи муҳими ҳуқуқӣ мебошад, ки марҳилаи нави рушди шаҳраки Ширинро дар шаҳри Самарқанд оғоз мекунад.
Муҳимтар аз ҳама, дар оянда шароити зарурӣ барои рушди шаҳраки Ширин на танҳо ҳамчун як маҷмааи нави истиқоматӣ, балки ҳамчун як маркази муосири тиҷоратӣ, маъмурӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фароҳам оварда мешавад.

Аз ин рӯ, таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои дар ин Фармон муқарраршуда, ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо сармоягузорон ва ба даст овардани самаранокии ҳар як лоиҳа бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони масъул бошанд.

Эркин РАҶАБОВ, директори Дирексияи сохтмони Маркази тиҷоратии замонавӣ ва Маҷмааи истиқоматии Ширин