Дар Самарқанд анҷумани вилоятии Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар он фаъолияти ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои интихобот, ҳамкорӣ бо интихобкунандагон, фаъолияти депутатӣ ва лоиҳаҳои амалишуда мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи интихобот ҳизб дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 7, дар Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 16 ва дар Шӯроҳои ноҳиявию шаҳрӣ 136 ҷойҳои депутатиро ба даст овардааст. Дар давраи ҳисоботӣ депутатҳо 2 ҳазору 695 дархости депутатӣ ирсол намуда, 378 қабули сайёр ва 348 баррасии ҷамъиятии депутатӣ ташкил кардаанд.
Дар доираи барномаи «Якҷоя бо халқ» барои ҳалли муаммоҳо, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, дастгирии соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Ба воситаи фаъолияти штабҳои сайёр бо 2 ҳазору 572 нафар шаҳрванд суҳбат гузаронида, 1 ҳазору 42‑то мушкилӣ муайян гардид ва 752‑тои онҳо ҳал карда шуд.
Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи дил», «Як оила — як сарпараст», «Аз соҳибкорон ба бачаҷонҳо», «Мактаби таҷрибаи фермерони ҷавон», «Зани соҳибкор — 2026», ташаббусҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва стартапҳо ба дастгирии тоифаҳои гуногуни аҳолӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои ҷавонон ва занону духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Салоҳияти ташкилии ҳизб низ густариш ёфта, шумораи ташкилотҳои ибтидоии он ба 1 ҳазору 543-то ва теъдоди аъзоён ба 205 ҳазору 525 нафар расид.
Дар анҷуман масъалаҳои омодагӣ ба Конгресси навбатии ҳизб, ҷамъбасти пешниҳодҳои дар конфронсҳои ноҳиявию шаҳрӣ баёншуда, таҳияи Барномаи нави сиёсӣ ва интихоби делегатҳои конгресс баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми баррасиҳо ба конгресс делегатҳо интихоб гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи ҳизб муайян карда шуданд. Аз ҷумла, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, ҳифзи мулки хусусӣ, зиёд кардани шуғл ва даромади аҳолӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ бо интихобкунандагон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
Анҷуман дар муайян намудани мақсадҳои сиёсии минбаъдаи ҳизб ва муттаҳид сохтани ташаббусҳои ҳудудӣ марҳилаи муҳим мешавад.
Анҷумани вилоятии Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон: ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда
