Ovozi.uz

Шаҳд мешорад ба ҷӯи Оқсой

Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият

Ризқ меборад ба рӯи Оқсой,
Шаҳд мешорад ба ҷӯи Оқсой.
Бӯи ҷаннат мебиёрад навбаҳор,
Бар машом аз чор сӯи Оқсой.


Худойназари ОҚСОӢ

Оқсой яке аз деҳаҳои зебову таърихии вилояти Самарқанд ба ҳисоб меравад. Он дар минтақаи доманакӯҳии ноҳияи Нуробод ҷойгир аст ва бо зиёратгоҳи «Ҳазрати Довуд» — яке аз маконҳои зиёратии ин минтақа машҳур мебошад. Соли гузашта ба деҳа мақоми «Деҳаи сайёҳӣ» дода шуд.

Олимони зиёд, аз ҷумла Шодӣ Расулов бар чунин ақидаанд, ки «Оқсой» шакли вайроншудаи «Олисӯй» аст. Он калимаи суғдӣ буда, маънои гулгун, зебо, дурахшон; авлод, насл; сароб ва ғайраро мефаҳмонад. Сӯй — самт, ҷой, макон аст. Ба таъбири дигар, Оқсой маънои сойи сафед­ро доштааст. Дар ин бора дар китоби «Оқсойи ман»-и Норхол Бӯронова чунин оварда шудааст:

«Оқсой— сойи сафед аст. Ин ном аз ҷониби мардуми деҳаҳои гирду атроф гузошта шудааст. Азбаски баландкӯҳи ин мавзеъ ҳама вақт (бидуни тобистон) барфпӯш будааст, онро «Кӯҳи сафед» номидаанд».

Шахсиятҳои маъруф
Ҳар як деҳа шахсони маъруф ва соҳибэҳтироми худро дорад. Дар деҳаи Оқсой низ шахсоне зиндагӣ кардаанд ва мекунанд, ки бо меҳнати ҳалол, дониш ва фаъолияти пурсамари худ дар байни мардум обрӯю эҳтиром пайдо кардаанд. Шоирони маъруф Шодӣ Расулов ва шодравон Худойназари Оқсоӣ, нависанда Норхол Бӯронова, Сӯҳроб Комиловҳо мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд. Дигар аз шахсони фидоии деҳа лейтенанти калон Исматилло Хоҷаев буд, ки ҳангоми иҷрои амалиёти ҳарбӣ бо террористон қаҳрамонона ҳалок гардид. Бо мақсади абадӣ гардонидани номи ин шахси фидоӣ яке аз кӯчаҳои ноҳияи Нуробод ба номи ӯ гузошта шудааст.

Ҳаёти имрӯзаи маҳалла
— Имрӯз дар деҳа зиёда аз 3 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ карда, 1 ҳазору 508 нафари онҳоро мардҳо,1 ҳазору 496 нафарро занҳо ва 639 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, — гуфт раиси деҳа Айёмиддин Бобосаидов. — Дар 482 хонадон 762 оила истиқомат мекунад. Масоҳати умумии деҳа 4742 гектар буда, аз якчанд гузару кӯчаҳо иборат мебошад. Иқтисоди деҳа, асосан, ба соҳибкорӣ такя мекунад. Дар деҳа тақрибан 20 меҳмонхонаи оилавӣ, инчунин тарабхонаву ошхона ва мағозаҳо мавҷуданд. Ҳамагӣ 242‑то субъекти соҳибкорӣ фаъолият нишон дода, аз ин 29‑торо субъекти хурди бизнес, 213‑торо соҳибкории алоҳида ташкил медиҳанд. Дар кӯчаҳо камераҳои назоратӣ насб, роҳҳо таъмир ва майдонҳои таваққуфгоҳ мумфарш карда шуда, инфрасохтори сайёҳӣ пурра рақамӣ гардидааст.

Мувофиқи маълумоти раис, аҳолии қобилияти меҳнатӣ доштаи деҳа 1529 нафарро ташкил намуда, аз инҳо 1458 нафар соҳиби фаъолияти даромаднок мебошанд. Дар сари сол шахсони бешуғл 100 нафарро ташкил медодаанд. Ҳоло бошад, дар деҳа қариб одами бекор намондааст.

Дар Оқсой ду мактаби таълими умумӣ: мактаби рақами 13 ва 65 мавҷуд аст. Деҳа се кӯдакистон: як хусусӣ ва ду давлатӣ дорад. Кӯдакистони давлатие, ки дар паҳлӯи мактаби 65 воқеъ аст, кӯдакони аз дусола то шашсоларо тарбия медиҳад. Шашсолаҳоро бошад, ба мактаб тайёр мекунад. Шароити хуб дорад.

Кӯдакистони давлатии дуюм сеқабатаи навсохт буда, дорои ҳамаи шароитҳои замонавӣ мебошад. Кӯдакистони хусусӣ имтиёзи зиёдтар дорад. Дар он забонҳои русӣ ва англисӣ низ омӯзонида мешаванд.

Маҷмааи варзишии нав
Моҳи октябри ҳамин сол дар маҳалла боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ — маҷмааи замонавии варзишӣ барои аҳолӣ ва ҷавонон ба истифода дода шуд.

Ин маҷмаа бо сарпарастии сокинони деҳа Ҷумъабой Маҳмудов ва фарзандони ӯ К.Маҳмудов ва Ҷ.Маҳмудовҳо бунёд гардида, арзиши он беш аз 2 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки қад афрохтани ин иншоот дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим, ба варзиш ҷалб кардани ҷавонон ва кашфи истеъдодҳои нав қадами муҳим гардид.

— Мо аз ифтитоҳи толори варзишии нав хеле шод шудем, — гуфт сокини деҳа М.Раҳимов. — Умед дорем, ки дар оянда варзишгарони ҷавонамон мисли устодонашон дар мусобиқаҳо ҷойҳои намоёнро гирифта, обрӯи деҳаамонро боло мебаранд. Мо ҳамеша дуогӯйи онҳо мебошем.

Бояд гуфт, ки дар маҷмааи нав барои бо гӯштӣ, дзюдо, самбо, вазнабардорӣ ва гимнастикаи бадеии варзиш машғул гардидани беш аз 500 нафар ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Малика МИРЗОРАҲИМОВА, шунавандаи «Мактаби маҳорат»