Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бахшида ба 1-уми декабр — Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) бо иштироки рӯзноманигорон ва блогерон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он сардухтури Маркази мубориза бо ВНМО-и вилояти Самарқанд Улуғбек Назаров оид ба пешгирии сирояти ВНМО, ташхиси барвақт, имкониятҳои муосири табобат ва ҳифзи ҳуқуқи беморон маълумот дод.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи эпидемиология ва мониторинги марказ Фаррух Эргашев дар бораи вазъи эпидемиологии сирояти ВНМО дар вилоят маърӯза намуд.
Зимни нишаст мутахассисони марказ ба саволҳои рӯзноманигорон ва блогерон ҷавоб дода, оид ба масъалаҳои мубрами соҳа суҳбати озод баргузор карданд.
Чунин вохӯриҳо дар таъмини аҳолӣ бо маълумоти боэътимод, бартараф намудани тасаввуроти нодуруст дар бораи ВНМО ва самаранок ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ аҳамияти муҳим доранд.
