Ovozi.uz

Баробари имконият масъулияти ҷавонон зиёд мегардад

Президенти мамлакатамон дар табрикоти солинавии худ ба халқамон соли 2024-ро “Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат” эълон кард. Ин дар навбати худ масъулияти мо – намояндагони Агентии кор бо ҷавононро зиёд мекунад.
Ҳоло 2 миллиону 315 ҳазор нафари аҳолии вилоятро писарону духтарони то 30 сола ташкил мекунад. Дар вилоятамон барои пурмазмун ташкил кардани вақти холии онҳо, инчунин нисбати варзиш, забономӯзӣ, китобхонӣ ва технологияҳои ахбор зиёд кардани шавқи онҳо, умуман ҳамаҷониба дастгирии ҷавонон эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Соли гузашта ҷавонони вилоятамон дар мавсими баҳору тирамоҳии “Олимпиадаи панҷ ташаббус” иштирок намуда, аз рӯи 4 IT, 4 интеллектуалӣ, 3 санъат ва 38 намуди варзиш ҷои якумро гирифта, 50 медал ба даст оварданд. Дар маҳаллаҳои ҷавонони ғолиб 16 то майдончаҳои варзишӣ сохта шуд.
Инчунин, дар маҳаллаҳо “Барномаи шуғли ҷавонон” амалӣ гардида, 54 ҳазору 373 нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки 23 ҳазору 242 нафари онҳоро хатмкунандагони мактаб ташкил мекунанд. Бо ин ҳама дар оянда ният дорем, ки боз ҳам марраҳои баландро забт намоем. Аз ин рӯ, дар Соли нав аз рӯи дастгирии ҷавонон як қатор вазифаҳоро мақсад кардем. Аз ҷумла, “Дафтари анбор” ташкил карда мешавад. Он барои ҳалли муаммоҳои ҳамаи тоифаи ҷавонон, яъне хоҳ ҷавонони тоифаи вазнин, хоҳ ҷавонони соҳибистеъдод ва ё хоҳ ҷавононе, ки дар давлатҳои хориҷа кор мекунанд, хизмат мекунад.
Барои ҷавонони самарқандӣ дар равияи IT ҳам лоиҳаҳои бузург амалӣ мегардад. Дар ин бобат ба қарибӣ дар Самарқанд аввалин мактаби барномасозӣ таъсис ёфт, ки барои баланд бардоштани дониши ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.
Имсол бо мақсади боз ҳам васеътар тарғибу ташвиқ намудани китобхонӣ лоиҳаҳои калонро амалӣ намуда, фарогирии қариб 400 ҳазор нафар ҷавононро ва ба воситаи лоиҳаҳои омӯзонидани касбҳои замонавӣ таъмини шуғли қариб 20 ҳазор нафар ҷавони бекорро ба нақша гирифтаем.
Ғайр аз ин, барои ба ҷавонон омӯзонидани забонҳои хориҷӣ низ нақшаҳои мушаххас тартиб дода шудааст. Дар назар аст, ки дар доираи лоиҳаи “Фарзандони боибрат” адади ҷавононе, ки забонҳои хориҷиро меомӯзанд ба 200 ҳазор нафар расонидан ва ба воситаи иловаи “Академияи ибрат” бошад адади видеолавҳаҳои забономӯзиро ба 1 миллион зиёд намоем.

Ҳусейн ТӮХТАЕВ, роҳбари Садорати Агентии кор бо ҷавонони вилояти Самарқанд