Ҷумҳурии Демократии Мардумии Корея ба сӯи ҷазираҳои Ёнпхёндо ва Пэннёндо, ки дар Баҳри Зард қарор доранд, беш аз 200 тир андохт. Дар ин бора хабаргузории “Yonhap” бо такя ба Кумитаи сарони штаби нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Корея хабар додааст.
Бино ба маълумоти кумита, тирпарронӣ аз соати 09:00 то 11:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Дар байни аҳолии осоишта ва хизматчиёни ҳарбии Кореяи Ҷанубӣ талафот ба амал наомадааст.
Бо вуҷуди ин, ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ аз эвакуатсияи сокинони ҷазираи Ёнпхёндо хабар дод.
Хабаргузории “Associated Press” бо такя ба мақомоти Кореяи Ҷанубӣ навишт, ки Кореяи Шимолӣ снарядҳоро танҳо дар доираи машқҳо парондааст. Ба иттилои ин манбаъ, Кореяи ҷанубӣ низ баргузории чунин машқҳоро дар назар дорад.
Ёдовар мешавем, ки 28-уми декабри соли 2023 раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ба армия ва саноати мудофиа дастур дода буд, ки талошҳоро барои омодагӣ ба ҷанги эҳтимолӣ пурзӯр кунанд.
Манбаъ: Қалампир.уз
