Дар шаҳри Самарқанд — маркази тамаддуни фарҳангӣ ташкил гардидани осорхонаи “Роҳи бузурги абрешим” аҳамияти муҳими таърихӣ дорад. Ҳоло дар ин маскан 12 нафар коргарон фаъолият пеш бурда, ба ҳар як сайёҳи хориҷӣ ва меҳмононе, ки аз он дидан мекунанд, дар бораи экспонатҳое, ки дар осорхона нигоҳдорӣ мешаванд, маълумот медиҳанд.
– Бинои музей соли 1899 бунёд гардида, дар ибтидо ба сифати филиали бонки Русия-Хитой истифода шудааст, — гуфт корманди осорхона Нигора Қанотова. – Соли 1909 фаъолияти бонк қатъ гардида, тӯли солҳо дар ин бино иттиҳод ва ташкилотҳои гуногун кор пеш бурдаанд. Дар нимаи дуюми асри гузашта дар ин ҷо беморхонаи шаҳр, кумитаи иҷроияи шаҳр ва хонаи зиёиён ҷойгир шудааст. Аз соли 2000 бино ба ихтиёри Донишгоҳи давлатии Самарқанд гузаронида шуда, ҳамчун ректорати донишгоҳ истифода гардидааст.
Дар доираи омодагӣ ба нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар ин бино корҳои бозсозӣ анҷом ёфта, атрофи бино обод карда шуд ва осорхона ба фаъолият оғоз намуд. Дар экспозитсияи “Роҳи бузурги абрешим: мероси тиллоии Ӯзбекистон ва Хитой”, ки пеш аз чорабинии бонуфуз ташкил гардид, ба инъикоси муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳои бостонии Ӯзбекистон ва ватани аслии абрешим – Хитой эътибори алоҳида нигарониданд.
Бино ба маълумоти кормандони осорхона бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум 96-то экспонат мавҷуд аст. Дар ошёнаи дуввум бошад, 300-то нигораҳо, инчунин, қариб 200-то голограмма ва аниматсияҳо гузошта шудаанд.
Дар толори даромадгоҳи музей суханони файласуфи маъруфи чинӣ Конфутсий ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишер Навоиро навиштаанд.
Дар марказ дар шакли “Дарахти ҳаёт” – тут, ки манбаи табиии абрешим, ришта ва матоъ мебошад ва рамзи ҳосилхезиву сарват аст, тавассути технологияҳои муосир ба намоиш гузошта шудааст.
– Номи толори якуми экспозитсия “Манзараҳои табиии Хитой ва Ӯзбекистон” буда, таҷҳизоти гуногун дар асоси матоъҳои абрешимӣ ба воситаи инсталлятсия офарида шудаанд, — афзуд Нигора Қанотова. – Инчунин, аз рӯи нақшҳои девории Афросиёб лавҳаҳои аниматсионӣ омода гардидаанд. Ғайр аз ин, дар экспонатҳо бозёфтҳои археологӣ ва осори фарҳанги тоисломии Хитой мавҷуданд.
Дар толори дуюм маҳсулоти кулолии халқ, ки бо таъсири чинии Хитой дар давраҳои гуногуни таърихӣ офарида шудаанд, ҷой гирифтаанд. Инчунин, дар ин толор бо афсонаи пайдоиши абрешим ва таърихи пилла шинос шудан мумкин аст. Дар толори тасвири анъанаҳо меҳмонон метавонанд ба таври визуалӣ бо ҷараёни истеҳсоли қолинҳои абрешимӣ бо истифода аз дастгоҳи бофандагӣ шинос шаванд.
Озодбек АБДУСАМАДОВ, шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»
Сайре ба осорхонаи “Роҳи бузурги абрешим”
