Парвариш ё тиҷорати маводи мухаддир, ки як мушкили ҳаётӣ маҳсуб мешавад, ба сарнавишти на танҳо як нафар, балки тамоми ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад.
Зимни як амалиёти фаврӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Самарқанд дар ноҳияи Ҷомбой, ҳангоми кофтуков аз манзил ва хонаҳои хоҷагии А.А., соли таваллудаш 1983, сокини маҳаллаи «Эски-Ҷомбой»-и ноҳияи Ҷомбой, ҳудуди 31 килою 855 грамм марихуанаи хушккардашудаи тундбӯ, 2 грам маводи мухаддири опий ва 2 дона доруи психотропӣ дарёфт шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса нисбати шахси дар боло зикршуда бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
