Мувофиқи маълумоти агентии роҳбари мероси маданӣ Моҳинур Имомова аз рӯи моддаи 8 қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи боигарии маданиро баровардан ба хориҷи кишвар ва дохил кардан» бойигарии маданӣ, экспонатҳои таърихӣ, ашёҳои қимматбаҳои маданӣ аз дохили мамлакат баровардан номумкин аст. Мувофиқи қонун, дар ҳудуди мамлакат ба савдо барвардани тангаҳои қадимӣ ва нодир фурӯхтан ва харида гирифтан мумкин. Лекин аз сарҳад берун баровардан ва фурӯхтан ба шаҳрванди хориҷӣ мумкин нест. Афсуски ин гуна ҳолатҳо дар ҷамъияти мо вомехӯранд. Соли ҷорӣ ҳангоми тадбир шаҳрванди вилояти Сурхондарё Ҷ.А ном шахс ва шариконаш 1 дона «Петру Богданову» соли бароришаш 1899 иборат аз 61,69 грамм тангаи тиллои қадима ба шаҳрванди хориҷӣ ба ивази 100 ҳазор доллари ИМА дастгир шудааст. Тавсия гардидааст, ки тангаҳои тиллои қадима, ки ба асри 19 рост меояд ба музейи археологии давлатии Термиз супорида шавад. Ҳоло нисбати ҳолат корҳои ҷустуҷӯӣ давом дорад.
Боздошти гурӯҳи ҷиноӣ дар вилояти Сурхондарё ҳангоми фурӯши тангаи тилло ба ивази 100 ҳазор доллари ИМА
