Ovozi.uz

Шиносномаи Ӯзбекистон дар дунё ҷойи 128-ро гирифт

Чӣ тавре, ки қайд мегардад шаҳрвандони Ӯзбекистон бо ин шиноснома метавонанд 31 давлатро саёҳат кунанд. 19 давлат ӯзбекистониёнро бо визаи электронӣ ва ба 32 давлати дигар худи виза дода мешавад. Соҳибони шиносномаи Ӯзбекистон барои сайёҳат ворид шудан ба 144 давлат аввал виза гирифтанаш лозим. Дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ шиносномаи Қазоқистон дар ҷойи 110, Қирғизистон дар ҷойи 132, Тоҷикистон дар ҷойи 140 ва Туркманистон дар ҷойи 167 қарор дорад. Аз ҳама рейтинги паст шиносномаи давлатҳои Ироқ, Покистон, Афғонистон, Сомали ҳисоб меёбад. Дар рейтинги аз ҳама пешқадамтарин шиносномаи Испания, дар ҷойи дуюм Германия ва сипас Сингапур, Италия ва Фаронса.