Ovozi.uz

Чемпионати Ӯзбекистон оид ба бокс байни духтарон ба охир расид

Варзиш

Рӯзҳои 6-11-уми январи соли равон дар ноҳияи Иштихон байни духтарони то 17-18-сола ва духтарони навраси то 15-16-сола оид ба бокс чемпионати Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Дар мусобиқа қариб 225 нафар муштзан-духтарон аз минтақаҳои гуногуни мамлакатамон дар 13 тоифаи вазн барои пирӯзӣ қувваозмоӣ карданд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа дар ҳисоби умумӣ дастаи боксчиёни вилояти Самарқанд ҷойи 1-ум, дастаи яккачини вилояти Фарғона ҷойи 2-юм ва дастаи шаҳри Тошканд ҷойи 3-юмро гирифтанд.
Дар доираи чорабинӣ сардори Садорати боҷхонаи вилоят, раиси шӯъбаи вилоятии Федератсияи бокс Я.Мирзораҳимов ва сарвари Сарсадорати сиёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Ш.Рӯзиев ба Севара Маматова ва Мафтуна Мусулмонова, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс медали тилло ва нуқра ба даст оварданд, “Ташаккурнома” ва туҳфаҳои гаронбаҳои ҳокими вилоятро супориданд.
Инчунин, ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо медалу диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.