Бозии даври 32-юми Ла Лигаи Испания, ки дар он дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Барселона» вохӯрданд, ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и шаҳри Мадрид бозӣ карданд. Бозиро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Сезар Сото Градо доварӣ карданд. Дар ин вохӯрӣ «Реал» бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Дар дақиқаи шашуми бозӣ ҳимоятгари дастаи “Барселона” Андреас Кристенсен ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 18-ум ҳамлагари мизбонон Винисиус Ҷуниор пеналтиро ба самар расонд. Дар дақиқаи 69-ум нимҳимоятгар Фермин Лопес Мартин «Барселона»-ро дар ҳисоб пешбарӣ кард. «Реал» дар дақиқаи 73-юм бо кӯшиши ҳимоятгар Лукас Васкес ҳисобро баробар кард. Ғалабаро ба мизбонон нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем овард, ки дар дақиқаи 90+1 гол зад.
Ҳоло «Реал» дар пас аз 32 даври Ла Лига дар ҷадвали мусобиқот ҷои аввалро ишғол мекунад. Дастпарварони Карло Анчелотти бо 81 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот мебошанд. «Барселона» бо 70 имтиёз дар ҷои дуюм аст.
Манбаъ: Варзиш тв.
