Тӯфон алоқаи нақлиётиро қатъ намуда, сабаби баста шудани мактабҳо дар музофотҳои атлантикии канадагии Шотландияи Нав, Ню-Брансуик ва Ҷазираи шоҳзодаи Эдвард гардид. Дар ин хусус шабакаи телевизионии CTV хабар додааст.
Дар айни замон беш аз 6 ҳазор истеъмолкунанда аз сабаби офатҳои табиӣ бе барқ монда, дар натиҷаи ҳавои номусоид алоқаи паромӣ байни ин минтақаҳо вайрон шудааст.
Дар бораи осебдидагон маълумот дода нашудааст.
