Дар Пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона бинобар вазъи ҳавои номусоид хадамоти коммуналӣ ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд. Дар ин хусус рӯзи чоршанбе хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ хабар додааст.
Беш аз 1600 техникаи махсус ва зиёда аз 2400 коргари роҳ барои тоза намудани кӯчаҳо аз барф ба басти рӯзона баромаданд, аммо бар асари бориши зиёд кор бо навбат ва ба таври шабонарӯзӣ доир мешавад.
Илова бар ин, тавре ки дар идораи маорифи шаҳри Остона хабар доданд, 10 январ хонандагони синфҳои 0 – 4 — и басти дуюм ба шакли таҳсили фосилавӣ гузаронида шуданд.
Дар ширкати City Transportation Systems ишора намуданд, ки дар шаҳр 13 хатсайри наздишаҳрӣ муваққатан боздошта шудааст.
Хадамоти матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Остона иттилоъ дод, ки аз 75 парвози рӯзи чоршанбе 7-тоаш бо сабабҳои техникӣ ба таъхир афтодааст. Барои аз барф тоза намудани майдони фурудгоҳ 10 техникаи махсус ҷалб шудааст.
