Ovozi.uz

Тайёрии таъмингарони газ ба санҷишҳои зимистон ҷавоб дода метавонанд?

Анҷумани матбуотӣ

Бо фаро расидани сардиҳои зимистон муаммоҳои газу барқ ҳам зиёд мешаванд. Хонаводаи одамоне, ки бо гази табиӣ таъминанд, аз паст шудани фишори газ шикоят намоянд, онҳое, ки аз газҳои баллонӣ истифода мебаранд, аз дер овардани онҳо норозигии худро баён менамоянд. Умуман, ин гуна масъалаву муаммоҳо хеле зиёданд. Дар анҷумани матбуотие, ки бо ҷонишини директори филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» Ваҳҳоб Ҳалимов баргузор гардид, дар ҳамин бобат сухан рафт.
В. Ҳалимов дар бораи ҷамъбасти соли 2023 ва нақшаҳои асосие, ки дар соли ҷорӣ иҷро мегарданд, маълумот дод. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки ҳамаи сокинони вилояти Самарқанд бо гази табиӣ пурра таъмин нестанд. Қисми асосии мардум аз гази фишурдаи баллонӣ истифода мебаранд. Ба тарзи дигар гӯем, ҳоло дар вилоят аз ҷамъ 819 574 адад истеъмолчӣ 327 844 нафарашон бо газӣ табиӣ таъмин мебошанд. Ин 39 фоизи аҳолиро ташкил мекунад. 61 фоизи боқимонда, яъне 491 730 нафар аз гази фишурдаи моеъ истифода мебаранд. Чорабиниҳои гуногун меандешанд, ки қисми бештари мардум бо гази табиӣ таъмин шаванд. Дар ин бобат худи сарвари давлатамон ташаббус нишон дода, ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Он рӯз дур нест, ки фарогирии мардум бо гази табиӣ боз бештар мегардад.
Инчунин, ӯ қайд кард, ки соли гузашта 9,3 километр хати системаи газӣ мукаммал таъмир ва 3,2 километри хати газгузаронӣ реконструксия карда шуданд. Таъмири 44 адад пунктҳои тақсимоти газ ҳам 100 фоиз иҷро гардиданд. Қисми боқимондаи қубурҳои газиро ба воситаи фишордиҳӣ аз санҷиш гузаронида, корҳои ранг кардани қубурҳоро ҳам мувофиқи реҷа ба ҷо оварданд.
Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон аз 30‑юми декабри соли 2022 таҳти рақами 465 11,8 километр сохтмону монтажи системаи нави хати газ ба анҷом расонида шуданд.
Дар бобати пардохти ҳаққи газ, пешгирии дуздӣ ва пайвастшавии ғайриқонунӣ ба хати интиқоли газ якҷоя бо ташкилотҳои дахлдор корҳои зиёде амалӣ мешаванд. То имрӯз дар ҳудуди вилоят 323668 адад ускунаҳои ҳисобкунаки замонавии газ насб карда шудаанд.
— Норасоии газ дар зимистон ба ҳама маълум аст. Дар ин фасли сол филилаи «Ҳудудгаз Самарқанд» ба заводҳои хиштбарорӣ ё корхонаҳои оҳакпазӣ газ медиҳад?
Ба ин саволи мухбири рӯзномаи мо В.Ҳалимов чунин ҷавоб дод:
— Дар даври тирамоҳу зимистон бо газ таъмин кардани корхонаҳое, ки масолеҳи бинокорӣ истеҳсол мекунанд, манъ карда шудааст. Вале ба гармхонаҳое, ки пешпардохт кардаанд ва бо мо шартнома бастаанд, газ дода мешавад.

Б.ҶУМЪАЕВ