Ovozi.uz

Мазҳакаи ғамангез

Рӯзи 14-уми январи соли равон дар Театри драмаи мусиқии Самарқанд намоиши «Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё», ки аз ҷониби ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, коргардон Султон Усмонов ва ҳунарпешагони Театри давлатии академикии ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ба саҳна гузошта шуд. Намоишномаи он ба қалами Холиқ Хурсандов тааллуқ дошта, дар жанри мазҳака навишта шудааст.
Пеш аз оғози намоиш роҳбари Садорати маданияти вилоят Шавкат Эшонқулов ҳунарпешагони тоҷикистониро ба Самарқанди куҳанбунёд шодбош гуфта, дӯстиву ҳамкориҳои ногусастаниро таманно намуд. Дар навбати худ, директори Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдукарим Машрабов ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадризо Тоҳирӣ мамнунияти худро аз истиқболи гарм ва пазироии самимонаи аҳли Самарқанд иброз доштанд.
Бо рӯшан шудани чароғҳои саҳна мӯйсафеди нуроние намоён шуд, ки дар чеҳраи ӯ асорати ғаму андӯҳ намоён буд. Дере нагузашта тамошобинон дарк карданд, ки боиси ғамгинии мӯйсафед дуриву бемеҳрии фарзандони нохалаф аст. Моҳу солҳои зиёд сипаришудаву фарзандон ба хабаргирии волидон наомадаанд. Аз ин рӯ, Мавлонбобо маҷбур мешавад ҳамроҳи ҳамсари худ Холдонабибӣ ва дӯсти бачагии худ Авазбобо ҳилае созаду фарзандонро ба гирди худ ҷамъ орад. Фарзандон марги нобаҳангоми падарро шунида, аз кишварҳои дур, корҳои мақомоти худро яксӯ гузошта, зуд ба ҷаноза расида меоянд. Вале зинда будани падарро фаҳмида, хушҳол мешаванду хатои худро дарк мекунанд. Ҳарчанд намоиш саршор аз лаҳзаҳои хандаовар буд, вале зимнан иллатҳоеро фош мекард, ки аслан гирявор буданд. Бемеҳрии фарзандон, чорабинибозиҳои бекора, чоплусии ходимон, кибру ғурур ва ҳоказо.
Нақшҳои асосиро ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Асалбек Назримов, Саодатбону Азизова, Ортиқ Қодиров ва Муҳаммад Мирзоалиев иҷро намуданд.
— Мо тоҷикону ӯзбекон, воқеан, ду дарахти азиме ҳастем, ки як реша дорем, — гуфт Ортиқ Қодиров баъд аз анҷоми намоиш. — Ин решаҳо аз умқи таърих бо дӯстии бобоҳои бузургамон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ сарсабз аст ва ин муҳаббат ҷовидонист. Борҳо дар ин саҳна баромад ва нафаси гарми аҳли Самарқандро эҳсос кардаам. Имрӯз ҳам аз номи тамоми аҳли ҳунар арзи сипос мекунам. Умедворем, ки бо намоишҳои дигар на танҳо дар маркази шаҳр, балки дар гирду атрофи он ҳам саҳнаҳо гузошта, анъанаҳои пештараро дубора барқарор мекунем.
Дар охир маъмурияти ҳар ду театр ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотирмон ва гулу гулдастаҳо тӯҳфа намуданд.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ