Пандемияи COVID-19 барои инсоният дарси ибрат гардид. Ҳоло мо таҷрибаи мубориза бо коронавирус дорем. Аммо талафот зиёд буд ва ин беморӣ то ҳол ҳазорон нафарро ба коми аҷал мекашад.Мувофиқи маълумоти муттахассисон, мункин аст, ки дар оянда пантогенҳои дигар низ пайдо мешавад. Тағйироти муҳити зист, муаммоҳои экологӣ ва афзоиши силоҳи биологӣ омилҳои асосии ин ба шумор мераванд.
Бинобар ин коршиносони ТУТ тарафдори омодагии ҷиддӣ ба бемории «Х» мебошанд. Зеро хавфи пайдо шудани эпидемияи номаълум дар ҳар вақт вуҷуд дорад. Ташвишовар он аст, ки бемории номаълум аз бемории коронавирус 20 баробар хатарнок аст.
Ёдовар мешавем, ки 17-уми январ дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, ки дар шаҳри Давоси Швейтсария баргузор мешавад, айнан ана ҳамин масъала мавриди баррасӣ қарор мегирад.
