Ovozi.uz

Нақши маҳалла дар ҷомеа баландтар мешавад

Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12‑уми январи соли равон дар ҳамаи мавзеъҳои ҷумҳуриамон гузарондани ҷамъомадҳои ташкилии Шӯроҳои дастгирии маҳаллаҳои шаҳр ва ноҳияҳо муайян гардида буд. Ба ҷамъомади аввалини Шӯрои дастгирии маҳаллаи шаҳри Самарқанд ҳокими шаҳр, раиси шӯрои мазкур Фазлиддин Умаров сарварӣ кард. Дар он раисони 215‑то ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳои шаҳр, аъзои шӯро ва вакилони идораҳои ҳамкор иштирок карданд.
Дар ҷамъомад вазифаҳое, ки аз фармони Президенти Ӯзбекистон аз 21‑уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои куллии баланд бардоштани нақши институти маҳалла дар ҷомеа ва таъмини фаъолияти он чун зинаи аввал дар ҳалли муаммоҳои аҳолӣ, инчунин қарор «Дар бораи чораҳои иловагии роҳандозии фаъолияти маҳаллаҳои иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва такмили сохтори идора дар маҳаллаҳо» бармеоянд ва самтҳои асосии фаъолияти кормандони сохтори маҳалла муҳокима карда шуданд.
— Шӯрои дастгирии маҳалла бояд сохтори аз расмиятпарастӣ (бюрократия) холӣ, ифодакунандаи ҳамҷиҳатии органҳои худидора бошад, — гуфт Ф. Умаров. — То ҳол дар бораи «ҳафтгонаи маҳалла» бисёр сухан гуфтем. Ҳоло ҳуҷҷате низ қабул шуд, ки самтҳои фаъолият ва вазифаҳои онро хеле хуб муайян мекунад. Акнун онҳо ҳокимият дар мавзеъҳо мебошанд, ёрии моддӣ, субсидияҳоро низ худашон ҷудо мекунанд.
Муайян карда шуд, ки ба Шӯрои дастгирии маҳаллаи ҷумҳурӣ Сарвазир, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва ноҳия (шаҳр)-ҳо раиси Жӯқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимон сарварӣ мекунанд. Сохтори нав органи олие мебошад, ки самтҳои асосии ривоҷдиҳии маҳалларо муайян ва даромаду хароҷотҳо, инчунин барномаҳоро тасдиқ мекунад.
— Ислоҳотҳои мазкур дар соҳа барои баланд бардоштани нуфуз ва нақши маҳалла дар ҷомеа яке аз қадамҳои муҳим шуданд, — гуфт раиси ҶШМ «Мир Саид Барака» Шерзод Сайдуллоев. — Солҳои охир ба фаъолони маҳалла як қатор ваколатҳо дода буданд. Вале дар амалиёт роҷеъ ба истифодаи онҳо бо муаммоҳо рӯ ба рӯ шудем. Аҳамияти ҳуҷҷатҳое, ки Президентамон имзо карданд ва вазифаҳои нави дар сохтор ташкил гардида ба бартараф намудани ин муаммоҳо нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, муайян гардидааст, ки аз соли равон дар худи маҳалла маблағ шуда, онро «ҳафтгонаи маҳалла» роҳандозӣ мекунад. Амалиёти мазкур имконият медиҳад, ки ҳангоми зарурат ба эҳтиёҷмандон ёрии иҷтимоии боманзил зудтар расонида шавад. Аз ин боварии халқи мо ба институти маҳалла меафзояд.
Дар ҷамъомад, инчунин вазифаҳои устуворе, ки Раисҷумҳурамон дар ҷамъомади васеи Шӯрои маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ба зиммаи фаъолони сохтори маҳалла гузошт, муҳокима гардиданд.
Баромадкардагон роҷеъ ба ташкили китоби хотира дар бинои маҳалла, пешгирии ташаккули кайфияти боқимондагӣ дар аҳолӣ пешниҳодҳо баён намуданд.
Мувофиқи рӯзномаи ҷамъомад ба ҷамъомади ташкилии Шӯрои дастгирии маҳаллаи вилоят вакилон интихоб шуданд.