Ovozi.uz

Ваколати васеъ ва масъулияти зиёд

сабаби пешрафти фаъолият аст

Рӯзи 15‑уми январи соли равон ҷамъомади ташкилии Шӯрои дастгирии маҳаллаи вилоят баргузор шуд. Ба он ҳокими вилоят, раиси шӯро Э. Турдимов сарварӣ кард. Дар ҷамъомад вакилони шаҳру ноҳияҳо, аъзои шӯро ва роҳбарони ташкилотҳои ҳамкор иштирок карданд.
Аввал вазифаҳое, ки аз фармони Раисҷумҳури Ӯзбекистон аз 21‑уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои ба таври том баланд бардоштани нақши институти маҳалла дар ҷомеа ва таъмини фаъолияти он чун зинаи аввал дар ҳалли муаммоҳои аҳолӣ», инчунин қарор «Дар бораи чораҳои иловагии роҳандозии фаъолияти Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва чораҳои иловагии такмили сохтори ибтидоӣ дар маҳаллаҳо» бармеоянд, мавриди муҳокима қарор ёфтанд.
Таъкид гардид, ки дар оқибати то ҳол набудани идораи алоҳида, ки фаъолияти сохторро мутобиқ мегардонад, ривоҷёбии маҳаллаҳо суст буд, ба зиммаи идораи давлатӣ гузошта шудани назорат ва мониторинги онҳо ба мақоми худидоракунии маҳалла мувофиқ наомад. Муаммоҳои мазкур бо қабули ҳуҷҷатҳое, ки дар боло гуфтем, ҳал карда мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади мувофиқгардонии фаъолияти институти маҳалла Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва шӯъбаҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ)-и он ба сифати ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ташкил карда мешаванд.
Ғайр аз ин, ба зиммаи раиси маҳалла, ёрдамчии ҳоким, сарвари ҷавонон ва фаъоли зан-духтарон бар асоси беш аз 100‑то ҳуҷҷати меъёрӣ-­ҳуқуқӣ вазифаҳо гузошта буданд. Аз ҷумла, ёрдамчии ҳоким, сарвари ҷавонон ва нозири профилактика тобеи раиси маҳалла набуданд. Онҳо захираҳои молиявӣ ва маъмурӣ надоштанд, ҳангоми ба шаҳрвандони мӯҳтоҷ таъин кардани ёрӣ ва субсидияҳо бо раис маслиҳат намекарданд. Мувофиқи тартиби нав, мавқеи раис чун роҳбари маҳалла аз ҷиҳати ҳуқуқӣ асоснок карда шуд. Инчунин, вазифа, маҷбурият ва ваколатҳои ҳар як узви «ҳафтгонаи маҳалла» саҳеҳ муайян шуданд.
— Хатои аз ҳама калон ба раисони маҳалла саривақт нарасондани ахбор шуд, — гуфт Э. Турдимов. — Қисми асосии онҳо аз навигариҳое, ки дар давлат ва ҷомеаи мо рӯй медиҳанд, бехабар мемонданд. Дар ҳоле, ки раис ҳокими ҳамин мавзеъ, вакили Президент аст. Бинобар ин, сохторҳои нав, айнан ба баланд бардоштани салоҳияти фаъолони маҳалла эътибори калон бояд диҳанд. Онҳо ба ҳокимони ҳудуд ва масъулони дигар ба тарзи доимӣ масъала гузошта, бояд ҳамеша фаъол бошанд. Танҳо дар ҳамон вақт ҳокимон низ самти фаъолияти худро дуруст муайян мекунанд.
Дар ҷамъомад роҳбари шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати Ҷумҳурӣ Фарҳод Назаров баромад кард. Роҷеъ ба вазифаҳои устуворе, ки дар ҷамъомади васеи бо сарварии Президентамон баргузор гардидаи Маркази маънавият ва маърифати Ҷумҳурӣ ба зиммаи фаъолони сохтори маҳалла гузошта шуданд, ҳарф зада, масъалаҳои иҷро ва таъмини онҳоро муҳокима карданд.
Дар анҷоми ҷамъомад барои иштирок дар конфронси таъсисии Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон вакилон интихоб шуданд.