Дар байни сардорони ҷавонони маҳаллаҳои вилоят барои дарёфти Ҷоми Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳо оид ба футзал ва тенниси рӯимизӣ гузаронида шуд.
Дар оғоз сарвари Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатӣ А. Аҳмадов дар бораи аҳамияти мунтазам ташкил кардани мусобиқа ва озмунҳои гуногун дар байни сардорони ҷавонони маҳаллаҳо, зарурати чун намунаи ибрат нишон додани фаъолияти сардорон ҳарф зад.
Дар мусобиқа мардҳо аз рӯйи намуди футзал, зан-духтарон оид ба тенниси рӯимизӣ қувваозмоӣ карданд.
Дар зинаи ниҳоӣ аз рӯйи футзал сардорони ноҳияҳои Оқдарё ва Ҷомбой ба майдон даромаданд. Дар баҳсҳо ҷавонони оқдарёӣ ғолиб гардида, Ҷоми Садорати вилоятии Хидмати амнияти давлатиро ба даст оварданд. Ҷойи дуюм ба сардорони ҷавонони маҳаллаҳои Ҷомбой ва ҷойи сеюм ба ҷавонони қӯшработӣ насиб кард.
Дар мусобиқаи тенниси рӯимизӣ байни бонувон сардори ҷавонони маҳаллаи Меҳнати шаҳри Самарқанд Насиба Истамова ғолиб гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро сардори ҷавонони маҳаллаи Мӯлиёни поёни шаҳри Самарқанд Нилуфар Муродова ва сардори ҷавонони маҳаллаи Миришкори ноҳияи Самарқанд Сабина Аҳмадова ба даст оварданд.
— Ғолиб шудан осон набуд, — гуфт Дилшод Турсунови оқдарёӣ. — Мо ба шарофати шуғли доимӣ бо варзиш ва тифоқии сардорони ҷавонон ба ин натиҷа ноил гардидем. Дар назди ҷавононе, ки дар маҳалла ва ноҳияи мо ба варзиш шавқ доранд, рӯямон сурх шуд. Минбаъд мо ҳамроҳи ҷавонони худ дар чунин мусобиқаҳо иштирок карда, кӯшиш мекунем, ки ба дастовардҳои бештар ноил гардем.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарони секторҳои вилоят ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Сардорони ҷавонони маҳаллаҳо қувваозмоӣ карданд
