Ovozi.uz

Тартиби интихоби сарҳадбонони ҷавон такмил ёфт

Бо қарори ҳукумат тартиби интихоби хонандагон ба литсейи ҳарбӣ-академии «Сарҳадбонони ҷавон» такмил дода шуд.
Шаҳрвандони (мард) Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки шаҳодатномаи хатми синфи 9-уми мактабҳои таълими умумӣ ва мактаб-интернатҳои ихтисосонидашударо доранд, аз рӯи ҳолати саломаташон хуб буда, барои таҳсил қобили қабул дониста шудаанд ва дар асоси тамоюлҳои шаффофият аз санҷишҳои интихоб гузаштаанд ба литсейи ҳарбӣ-академии «Сарҳадбонони ҷавон» қабул карда мешаванд.

Зинаҳои интихобӣ аз интихоби пешакӣ, интихоби ҳарбӣ-касбӣ ва санҷишҳо иборатанд.