Бо ин мавзӯъ дар Мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъати рақами 9-и ноҳияи Булунғур барномаи калони маънавию маърифатӣ шуда гузашт.
Дар консерти мазкур, ки бо муносибати 583-солагии зодрӯзи Алишер Навоӣ ва 541-солагии зодрӯзи Зайниддин Муҳаммад Бобур гузашт, нурониёни ноҳия, ҳоҷибобо ва ҳоҷи модаркалонҳо, фаъолони ноҳия, ҷавонон ва меҳмонон иштирок карданд.
Барномаи консертиро омӯзгори мактаби мазкур Гавҳар Мӯъминова гирифта бурд.
Пеш аз оғози консерт ҷонишини раиси шӯъбаи вилоятии Хазинаи “Нуронӣ” Донагул Тошбоева, раиси Хазинаи “Нуронӣ” дар ноҳияи Булунғур Очил Аҳмадов, дар бораи ҳаёти шоирони бузург А.Навоӣ ва З.М.Бобур мухтасар маълумот доданд. Аъзоёни ансамбли бачагонаи мақоми “Муножот издошлари” бо сарпарастии роҳбарии бадеӣ ва мусиқӣ С.Норматов ва омӯзгорони мактаб Д,Ӯроқбоев, Азизбек ва Асилбек Неъматовҳо, Н. Абдувоҳидов, Т. Халилов “Чӯли ироқ”, “Ёлғиз”, “Гулжамол”, “Излайман”, “Мустаҳзод”, Якка бу Фарғонада” барин сурудҳоро, ки ба қалами шоирони машҳур Навоӣ, Бобур, Машраб, Завқий, Муқимий ва дигарон мансуб аст, бо маҳорат иҷро намуданд.
Раббим ҲОТАМОВ,
ноҳияи Булунғур
Сеҳри сурудҳои абадӣ
