Ё худ намунаи беҳтарини дӯстии халқҳо
Дӯстӣ ва рафоқати Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шеърҳои шоирони машҳури тоҷики асри XV–Хоҷа Масъуди Қумӣ, Камолиддин Биноӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Ҳилолӣ, Осафӣ, Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон, ки аз ҳамсўҳбатони Навоӣ буданд, низ дар мавридҳои алоҳида дар ҳаққи шоирию фозилӣ ва илтифоту ғамхориҳои Навоӣ суханҳои нек гуфтаанд ва баъзе аз онҳо дар тавсифи ў шеърҳо навиштаанд, ки намунаи барҷастаи дўстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои тоҷик ва ўзбек мебошад.
Ҳамкории ин ду марди таърихӣ намунаи беҳтарини муносибатҳои бародаронаи ду халқ — тоҷикон ва ўзбекон мебошад. Хидмати бузурге, ки онҳо, махсусан, дар рушди фарҳанги асри XV анҷом додаанд, қиёснопазир аст.
Вақте ки мо сухан аз дўстии халқҳои тоҷику ӯзбек сар мекунем, ҳамоно пеши назари мо симоҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомуддин Мир Алишер Навоӣ ҷилвагар мегардад.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомуддин Мир Алишер Навоӣ дар тамоми давраи дўстии худ чӣ дар ҳаёти шахсӣ ва чӣ дар корҳои эҷодӣ ба ҳамдигар мададгор ва ҳамфикру ҳамақида буданд. Ашъор ва суханҳои неке, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаққи Алишер Навоӣ гуфтааст, дар давоми робитаи дўстӣ ва ҳамкории онҳо пайдо шудаанд ва онҳо ҳамчун маъхази муҳими тасдиқкунандаи ин дўстӣ хидмат мекунанд. Абдураҳмони Ҷомӣ дар сарсухани достони худ «Лайлӣ ва Маҷнун» дар ҳаққи дўстӣ сухан ронда, намунаи беҳтарини дӯстию вафодориро дар симои Алишер Навоӣ мебинад ва инъикос менамояд.
Ҳамзамон, яке аз асарҳои безаволи Навоӣ «Хамсат-ул-мутаҳайирин» ном дошта, ба Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст.
Асарҳои ӯ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд ва мардуми қадршиноси Самарқанд яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр, Боғи истироҳатӣ ва гузару маҳаллаҳоро ба номи Навоӣ гузоштаанд.
Дар маркази шаҳр муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мавқеъ дорад, ки маскани дӯстдоштаи мухлисони каломи бадеъ мебошад. Дар пояи ҳайкали онҳо мунтазам маҳфилҳои адабӣ-фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Боиси эътироф аст, ки ашъори Навоӣ тамоми мавзӯъҳои ҳаётиву иҷтимоиро фаро гирифтааст. Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки дар эҷодиёти шоир ҷойи намоёнро ишғол менамояд, ин мавзӯъҳои гуногуни пандуахлоқӣ мебошанд. Дар ашъори пандуахлоқии шоир мавзӯъҳои одобу ахлоқи баланди инсонӣ, одамгарӣ, дӯстиву рафоқат, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Инак, ин ҷо чанд байти пандомези шоирро барои хонандагони рӯзнома пешниҳод менамоем:
Сухани ҳақ ҳамеша муътабар аст,
Гуфтаи хуш ҳамеша мухтасар аст.
Гар надонад, пурсад аз донанда, он ки солим аст,
В-ар напурсад, ораш ояд, хештанро золим аст.
Сухан гар рост бошад, ҷома аз кизбаш мапӯшонед,
Забон, к-ӯ ростгӯ бошад, ба нопокӣ маёлояд!
Падарро меҳр варзу сар фидо кун,
Шавад то рӯзу шабҳоят фурӯзон.
Ба роҳи меҳри модар ҷон раҳо кун,
Падар, модар маҳу хуршед медон.
Навоӣ, илмро мақсуди худ дон,
Ба илм он гаҳ амалро ёр гардон.
Беҳтар аст одами танҳохиром
Мард чу танҳост, наёбад наво.
Гӯшанишин мард ту инсон мадон,
Кист, ки бишнида зи як каф садо?
Некиву бадист ҳар ду дар як водӣ,
Воқиф шаву зоҳир манамо бедодӣ.
Фарзанд, ки дидӣ, некӣ омӯз варо,
Одобу накӯтариқӣ омӯз варо.
Бар фазлу адаб шарикӣ омӯз варо,
Хушхӯиву хушсалиқӣ омӯз варо.
Онро, ки ҳама хато забонаш бошад,
Чун иллати бедаво забонаш бошад.
Қотил ба Худо, варо забонаш бошад,
Алқисса, ба кас бало забонаш бошад.
Амриллоҳ АБДУЛЛОЕВ,
экскурсоводи мақбараи Амир Темур.
