Ovozi.uz

Донишомӯзон платформаи забономӯзиро офариданд

Лоиҳаи «Як миллион барномасоз» имконияти хубе барои дар чунин соҳа кор бурдан, дар курсҳои махсус иштирок кардан, соҳиби як қатор имтиёз ва касбу ҳунар гардидани ҷавононе мегардад, ки ба технологияҳои ахборӣ шавқу рағбат доранд. Донишомӯзони самарқандӣ низ аз чунин имкониятҳо босамар истифода бурда, платформаи бозомӯзии забони англисиро созмон доданд. Боиси эътироф аст, ки ин платформа ҳоло дар муассисаҳои таълимии бонуфузи Аврупо истифода мешавад.
Асосгузорони платформа донишомӯзони синфи 10‑уми мактабҳои ҳамагонии шаҳри Самарқанд буда, онҳо ин лоиҳаро қариб дар давоми ду моҳ таҳия кардаанд.
— Платформа бо ёрии интеллекти сунъӣ сатҳи забондонии донишомӯзонро ба таври амиқ муайян мекунад, — гуфт яке аз асосгузорони платформа Саидафзал Шукуров. — Инчунин, барои дар кадом бахши забондонӣ мушкил доштан, ҷиҳатҳои бартарӣ ва камбудиҳои донишомӯзро муайян мекунад. Мо мехоҳем доираи фаъолият ва имкониятҳои платформаро васеътар намуда, дар мамлакатамон низ онро роҳандозӣ кунем.
Системаи мазкур то ҳол қариб дар даҳ давлат аз санҷиш гузаронида шуд. Фаъолияти он аз ҷониби яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи Аврупои Ғарбӣ — мактаби байналмилалии ба номи Мария Давиатӣ, ки қароргоҳи асосиаш дар Гретсия аст ва дар дигар давлатҳо филиалҳои худро дорад, баҳои баланд гирифта, дар амал татбиқ карда шудааст.
— Пештар ба маводи технологияҳои ахборӣ зарурате пеш ояд, аз мамлакатҳои Аврупо мепурсидем, ё платформа мехаридем, — гуфт коршиноси байналмилалӣ Муҳаммадхон Солиев. — Солҳои охир дар мамлакатамон барои бозомӯзии забонҳои хориҷӣ, технологияҳои ахборӣ имкониятҳои хуб фароҳам гардид, китобҳои дарсии информатика мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ таҳия карда шуданд ва дар натиҷа, дастовардҳои донишомӯзон дар сатҳи ҷаҳонӣ афзуд. Аз ҷумла, платформаи забономӯзӣ, ки аз тарафи хонандагони самарқандӣ созмон дода шуд, бо диалекти васеи худ фарқ мекунад ва дар мамлакатҳои Аврупо ба арзиши 50 ҳазор евро баҳогузорӣ шудааст.

Ф.РӮЗИБОЕВ