Ovozi.uz

Машқҳои интерактивӣ дар системаи таълими Финландия

Дар донишкадаи мо дар мавзӯи «Машқҳои интерактивӣ, ки дар системаи таълими Финландия истифода мешаванд» семинар-тренинг баргузор гардид.
Дар семинар доир ба хусусиятҳои сохтори таълими Финландия, аҳамият ва ҷиҳатҳои хоса, ҷараёни гузаронидани дарс бо методҳои рангоранг, муассисаҳои таълими олии Финландия, дар амал татбиқ кардани таҷрибаи педагогии ин мамлакат дар системаи таълими Ӯзбекистон сухан рафт.
Инчунин, номзади фанҳои филологӣ, дотсенти кафедраи илмҳои иҷтимоиву гуманитарии донишкада Олмос Турсунова дар доираи мавзӯи “Самтҳо ва вазифаҳои асосии “Стратегияи Ӯзбекистон-2030” маълумот дод.
Инчунин, иштирокдорон оид ба машқҳои интерактивӣ аз қабили синкфоил, диаграммаи Венн, зиг-заг, устухонбандии моҳӣ, тори тортанак, кластер, борону барф, картошкаи гарм ва усулҳои нав, ки дар раванди таълими ин кишвар истифода мешаванд, маълумот гирифтанд.
Ғайр аз ин, ба иштирокчиён оид ба истифодаи босамари методҳои интерактивӣ дар равандҳои таълимӣ тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

Салоҳиддин ОДИНАЕВ, донишҷӯи Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия