Ovozi.uz

Шалғам дар табобати сулфа фоидаовар аст

Шалғам ба гурӯҳи сабзавоте дохил мешавад, ки ҳамчун ғизои пурқувват ба организми инсон фоидаовар аст. Он сулфаро рафъ намуда, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим менамояд, рехтани мӯйи сар ва гирифтани вазни зиёдро пешгирӣ менамояд. Ба гуфтаи табибон, шалғам чашмро қавӣ мегардонад ва сангҳои гурда ва хичакро майда месозад.

Шалғам сабзавоти тезрас ва серғизо буда, манбаи витаминҳои С В1, В2, РР, А (каротин) аст. Дар шалғам то 90 % канд, то 2 % сафеда, намакҳои минералӣ мавҷуд ҳастанд. Он растании доругии қадимӣ аст.

Ба гуфтаи Абуалӣ ибни Сино, марҳаме, ки аз тухми шалғам тайёр менамоянд, варами қадкашакро мегардонад. Шалғам ба гурда ва қафаси сина муфид аст. Аз он хӯриш тайёр менамоянд ва онро ба таом, аз ҷумла ба шӯрбо ва хӯрокҳои сабук ду ё се қисм намуда, меандозанд.

Мутахассисон шалғамро барои муолиҷаи сулфа, дарди гулӯ ва барқарор намудани «овози хасташуда» тавсия медиҳанд. Шалғам ба кам намудани вазни зиёд мусоидат менамояд. Ҳамзамон рехтани мӯйро бартараф менамояд. Агар решаҳои борики онро соида, бо асал бихӯранд, барои бемориҳои сипурз ва пешоби бандшударо кушодан давои хубе аст. Он кори ҷигарро фаъол сохта, аз пайдоиши сангҳои заҳра пешгирӣ менамояд. Илова бар ин шалғам аз ҳисоби калийи дар таркибаш буда фишори хунро паст месозад.

Дар китоби «Канзи Шифо» омадааст, ки агар ҳар қисми растании шалғамро дар об ҷӯшонида, он обро бимоланд, ҷойҳои аз таъсири сардӣ кафидаи баданро сиҳат мебахшад.

Табибон чунин мешуморанд, ки навобаста аз манфиатовар будани шалғам набояд фаромӯш сохт, ки дар ҳолати дар ҳаҷми зиёд истеъмол намудан он метавонад ба системаи асаб таъсири манфӣ расонад. Он ба асабоният, зиёд шудани хастагӣ, аз даст додани қувва, камҳаракатӣ бурда мерасонад.

Мутхассисон тавсия медиҳанд, ки шалғамро дар ҷои хунук ва хушк дар ҳарорати на бештар аз 4 дараҷа гармӣ ва намии аз 90% зиёд нигоҳ доштан зарур аст. Дар чунин шароит сабзавот тақрибан 10-14 рӯз нигоҳ дошта мешавад, дар яхдон ин муҳлат то 30 рӯз давом менамояд.