Яке аз самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи кишварамон демократикунонии пайвастаи низоми судӣ, таъмини риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ дар бораи мустақилияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир барои таъсис додани суд ҳамчун як шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, табдил додани он ба як ниҳоди воқеан мустақили давлатие, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз мекунад, кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд.
Ислоҳоти соҳаи судии баъди истиқлолиятро дар чанд марҳила метавон омӯхт. Аз ҷумла марҳилаи аввал — марҳилаи ташаккули истиқлолияти судӣ (солҳои 1991–2000), марҳилаи дуюм — марҳилаи таҳкими истиқлолияти судҳо (солҳои 2001–2015), марҳилаи сеюм — марҳилаи таъмини истиқлолияти ҳақиқии ҳокимияти судиро (аз соли 2016 то кунун) фаро мегирад.
Дар солҳои 2011–2015 ба таҳкими истиқлолияти судҳо ва баланд бардоштани сифати мурофиаи судӣ ба зинаи нав таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Синну сол барои шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судяи судҳои байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) таъин мешаванд, аз 25 то 30 сол зиёд гардида, талаботи собиқаи панҷсолаи кории ҳуқуқшиносӣ, тахассусии касбии онҳо муқаррар карда шуд. Дар самти пурзӯр намудани захираи номзадҳо ба судягӣ чорабиниҳо амалӣ гардида, ҳоло онҳо мувофиқи талаботи қонун дар асоси пешниҳоди мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ ташкил карда мешаванд. Сохтори бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони суд ба куллӣ тағйир ёфта, барои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии онҳо тадбирҳо амалӣ шуданд. Дар ҳалли ин вазифаҳо нақши комиссияи олии тахассусии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба интихоб ва тавсия намудани судяҳо ба вазифаҳо пурзӯр гардид.
Дар Консепсияи амиқсозии минбаъдаи ислоҳоти демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат, ки 12‑уми ноябри соли 2010 қабул шудааст, ба истиқболи миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат, аз ҷумла барои ҳалли масъалаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани кафолатҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст.
Мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 10‑уми декабри соли 2012 таҳти рақами 346 «Дар бораи чораҳои ҷорӣ намудани технологияҳои ахборӣ-коммуникатсионии замонавӣ дар фаъолияти судҳо» имзо гардидааст. Инчунин, системаи ахбори электронии миллии «E-SUD» таъсис дода шудааст, ки метавон бо ёрии он ба таври электронӣ ба суд муроҷиат ирсол кард. Ҳамзамон, суд метавонад иштирокчиёни парвандаро огоҳ кунад ва ба онҳо дар шакли электронӣ ҳуҷҷатҳои судӣ фиристад, ҳолати баррасии ҳуҷҷатҳои фиристодашуда назорат карда шавад. Рақамигардонии фаъолияти судҳо дар таъмини мустақилияти институтсионалии мақомоти судӣ нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, автоматикунонии пурраи равандҳои идоракунии фаъолияти судҳо бо истифода аз базаи электронии маълумот, назорати интизоми меҳнат ва иҷроия, пешбурди омори судҳо, архиви парвандаҳои судӣ ҳолатҳои таъсиррасонӣ ва фишор ба судҳоро пешгирӣ намуда дар фаъолияти судҳо баробарӣ, шаффофият, адолат ва қонунмандиро таъмин менамояд.
Аз 10‑уми июни соли 2015 шаҳрвандони Ӯзбекистон имкон пайдо карданд, ки ба судҳои шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ муроҷиат намоянд. Инчунин, барои судҳо низ имкони дар шакли электронӣ ирсол кардани даъватномаҳо, нусхаи ҳалномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои судӣ фароҳам гардид.
Рақамигардонии судҳо яке аз омилҳое мебошад, ки мустақилияти судяҳоро таъмин ва онҳоро аз ҳолатҳои гуногуни ногувор ва айбҳои беасос ҳифз намуда, корашонро содда ва беҳтар мегардонад.
Яке аз омилҳое, ки мустақилияти ҳокимияти судиро таъмин мекунад, истиқлолияти молиявӣ буда, барои адолати судӣ, пешгирии коррупсия дар низоми судӣ, ташаккули сохтори оқилонаи судҳо хидмат мекунад.
Қонун «Дар бораи судҳо» таъминоти моддию техникӣ ва молиявии фаъолияти судҳо, инчунин таъминоти моддию иҷтимоии судяҳоро амиқ намуда, муқаррароти марбут ба онҳо дар бобҳои гуногун муайян шудааст. Ҳамин тариқ, дар ҳоле ки таъминоти моддию техникии судҳо аз таъминоти моддию иҷтимоии судяҳо фарқ мекунанд, онҳо ба ҳам зич алоқаманданд ва дар якҷоягӣ мустақилияти молиявии судҳоро ташкил медиҳанд.
Дар ин давр ислоҳоти татбиқшудаи соҳаи суду ҳуқуқ, пеш аз ҳама, ба он нигаронида шудааст, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин субъектҳои тадбиркорӣ ба таври боваринок ҳимоя карда шавад.
Н.ЮСУПОВ,
судяи суди вилояти Тошканд оид ба корҳои иқтисодӣ.
