Ovozi.uz

Деҳаи куҳанбунёде дар доманаи кӯҳ


Ҳар як деҳа гузаштаи ба худ хос ва манзилу макони гуногуни таърихӣ дорад. Дар деҳаи мо низ чунин манзилҳои таърихии диданӣ бисёранд, ки яке аз онҳо деҳаи қадимаи «Миёни Донич» мебошад.
Ин деҳаи кӯҳанбунёд дар бағали силсила кӯҳҳои Нурато воқеъ аст. Деҳаро аз самти Шарқ ва Ғарб кӯҳҳо иҳота кардаанд. Дар самти ҷануб, тақрибан дар масофаи 1,5–2 км. деҳаи Дариуштурӣ ва дар шимол бошад Чишми Сурх (Чашмаи Сурх) воқеъ гардидаанд.
Дар гузашта, дар қисмати шимол пас аз деҳаи Чишми Сурх деҳаҳои Соягӣ, Баландӣ ва Маҳчаровут ҷойгузин будаанд. Аз байни он деҳоти кӯҳанбунёд, имрӯз деҳаи Сойхурд арзи вуҷуд дорад. 
— Деҳаи Миёни Донич аз ду қисмат: Миёни Доничи болоӣ ва поёнӣ иборат буд, — гуфт омӯзгори собиқадори мактаби деҳа Ўзбекбой Раҳмонов. — Имрӯз дар Миёни Донич касе зиндагии муқимӣ надорад. Танҳо чанд оила мавсимӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Дар деҳа танҳо вайронаи хонаҳо (дар забони аҳолии маҳаллӣ — чердеволӣ)-ҳо боқӣ мондаанд. Аз ҷиҳати сохти хонаҳо, ки қатори хонаҳо ба ҳам пайваст мебошанд. Агар шахс ба боми хонаи аввал барояд, ӯ ҳатман то хонаи охири қатор рӯ-рӯйи боми хонаҳо меравад. Қатори хонаҳоро танҳо роҳрав, яъне кӯчаи байни хонаҳо аз ҳам ҷудо мекунад.Тибқи шаҳодати доктори илмҳои меъморӣ Додо Нозилов бунёди хонаҳо ба деҳоти асрҳои миёна шабоҳат доранд.
Ин деҳа дар самти чапи сой, дар доманаи кӯҳ ҷойгир буда, аз замини соҳили сой ба мақсади кишту кор истифода бурдаанд ва ҳоло низ мардум аз заминҳо ҳосили фаровон ба даст меоранд
Дар Миёни Донич чашмае ҳаст, ки оби он чор фасли сол равон мебошад. Мардум заминҳои худро бо оби ҳамин чашма обёрӣ мекунанд.
Дар самти ҷанубу шарқии Миёни Донич, дар самти рости сой новаҳои Гӯсолахона ва Панҷзағор воқеъанд. Дар самти чапи новаи Гӯсолахона қабристони деҳоти Миёни Донич ва Дариуштурӣ ҷойгир аст. Қабристон ба ҳамворӣ табдил ёфтааст ва танҳо сангҳои дар рӯи қабрҳо гузошташуда ба чашм мерасад, ки ин аз қадимияти деҳоти номбурда шаҳодат медиҳад.
Донич худ вожаи суғдӣ аст ва дар ин дараи дароз боз чандин деҳоти қадима ҳастанд, ки номи онҳо низ суғдӣ мебошад. Масалан, Сарғом, Сирако, Нахтабӣ, Пирвеш, Доничак, Шибдорак, Разак ва ҳоказо.

Мафтуна ИБРОҲИМОВА,
сокини деҳаи Сойхурди ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ