Ovozi.uz

Беҳтарин мукофот дуои халқ аст

Шифокори кӯдакон будан масъулият ва машаққати ба худ хос дорад. Чунки одамони калонсол бемор шаванд, ҷойи дардро гуфта метавонанд, аммо бачагон чунин нестанд. Барои ташхиси дурусти бемории хурдсолон ва табобати онҳо шифокор бояд соҳиби дониши амиқ, таҷрибаи зиёд ва маҳорати касбӣ бошад.
Мудири шӯъбаи кӯдаконаи Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Ҷомбой Нуриддин Хӯҷаев аз зумраи чунин шифокорони бомаҳорат аст. Ин марди ҳалиму хоксор масъулияти зиёдро бар дӯш гирифта, пайваста барои ҳифзи саломатии насли наврас ҳаракат мекунад ва инак чил сол боз ба дарди кӯдакон малҳам мебахшад. Соли гузашта хидматҳои Нуриддин Хӯҷаев эътироф гардида, дар асоси фармони Сарвари давлат бо ордени дараҷаи дуюми «Соғлом авлод учун» мукофотонида шуд.
— Аз касби худ ифтихор мекунам, — гуфт Н. Хӯҷаев. — Охир, ба дарди одамон малҳам бахшидан, аз онҳо суханони нек шунидан, муҳимтар аз ҳама, дуои халқро гирифтан беҳтарин мукофот ва саодати бузург аст.
Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Хӯҷаев соли 1984 факултети педиатрияи Донишкадаи давлатии тиббии Самарқандро хатм кардааст. Тӯли солҳо дар пунктҳои тиббии деҳаҳои ноҳия фаъолият пеш бурда, таҷриба андӯхт ва инак, чанд сол боз мудири шӯъбаи кӯдаконаи иттиҳодия мебошад.

Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ