Дар Самарқанд бо иштироки масъулин масъалаи омодагии ҷашни миллии Наврӯз ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо аз ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузории он баррасӣ гардид. Ба гуфтаи ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов, чорабинии асосии ҷашни Наврӯзи имсола дар «Боғи Ӯзбекистони нав»-и мавзеи Қорасуви шаҳри Самарқанд баргузор мешавад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҷашн намоишҳои нави саҳнавӣ, асарҳои шоирону нависандагон, сурудҳои нави ҳунармандон дар бораи Ватан, табиат, ҷавонӣ ва зебоӣ, намоиши сурудҳои мардумӣ, ансамблҳо ва бори аввал асарҳои замонавӣ намоиш дода мешаванд. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорону ҳунармандон намоишу намоишҳои маҳаллаҳои вилоятӣ, муассисаҳои таълимӣ, ярмаркаҳо, «Чемпионати ошпазӣ», фурӯши кабоб, бозиҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд. Тадбирҳои идона дар Истироҳатгоҳи марказии ба номи А.Навоии шаҳри Самарқанд, майдони Регистон, кӯчаи ба номи А.Навоӣ, Хиёбони Донишгоҳ, майдони театри драму ва мусиқии вилоят, шаҳракҳои Фарҳод ва Кимиёгарон идома ёфта, дар амфитетри “Мӯъҷиза” барномаҳои консертӣ намоиш мегардад. Иштироккунандагони фаъол ва ғолибони конкурсу мусобикахое, ки ба муносибати ид гузаронда мешаванд, ғҳавасманд гардонда, таҷрибаи участкаи мувофиқтар оммавӣ гардонда мешавад. Наврӯз дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо омодагӣ ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз имсол дар Самарқанд чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?
