Озмун
Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С. Пушкини вилоят бо мақсади бой гардонидани маънавияти ҷавонон, дар қалби онҳо бедор намудани меҳру муҳаббат нисбати адабиёт ва ҳисси ватандӯстӣ, некӣ, инсондӯстӣ ва тарғиби китобхонӣ, инчунин, баланд бардоштани эҳтиром ба мероси миллӣ байни донишҷӯёни факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов таҳти шиори «Барои ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони нав» озмун гузаронида шуд.
Дар он иштирокдорон аз рӯӣ 5 шарт — «Навои аҷиб», «Интихоб кун, фикр кун, дарёб», «Онҳое, ки дар роҳи маънавияту маърифат қурбон шуданд», «Ӯзбекистони нави мо», «Лавҳа аз кадом филм аст!» қувваозмоӣ карданд.
Кормандони китобхона Маҳбуба Кулова ва Насиба Мирзоева чун довар баромадҳои иштирокдоронро баҳогузорӣ намуданд.
Иштирокдорон аз рӯӣ шарти аввал ба адабиёти ӯзбек назар карданд. Дар шарти дуввум бошад аз рӯӣ саёҳат ба дурдонаҳои забон ва адабиёт саволу ҷавоб карданд. Ҳар як иштирокдори озмун дар шарти севум ҷадидоне, ки дар адабиёти мумтози ӯзбек ҳиссаи худро ҳамроҳ кардаанд, маълумот доданд. Шарти чорум оиди шиори «Ӯзбекистон ба мо чӣ дод не, балки мо барои Ватанамон чӣ додем гӯён зиндагӣ кард» фикру мулоҳиза ронданд. Дар шарти охир бошад, аз кинофилмҳо лавҳаҳо намоиш дода шуд ва иштирокдорон онро ёфтанд.
Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ донишҷӯёни курси дуввум Камола Сувонова ҷойи якум, Марҷона Кубаева ҷойи дуввум, донишҷӯи курси якум Баҳора Шарофова ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Ғолибон бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида шуданд.
Асалой САРҲАТЗОДА, донишҷӯи ДДС.
