Ovozi.uz

Ба 10 нафар ҷавон бо кӯмаки адлия замин ҷудо карда шуд

Имрӯзҳо Садорати адлияи вилоят бо ҷавононк, ки ба масъулони ин сохтор вобаста карда шудаанд, корҳои шоёнро анҷом медиҳад. Дар ин самт таъмини шуғл, омӯхтан ва ҳал намудани мушкилоти онҳо вазифаи устувор мебошад. Аз ҷумла, 10 нафар ҷавонони маҳаллаи «Тадбиркор»-и ноҳияи Пахтачӣ ба Маркази хидматҳои давлатии ноҳия вобаста карда шуданд. Дар рафти омӯзиш маълум гардид, ки онҳо ба замин ниёз доранд.
Роҳбарияти марказ чораҳои зарурӣ андешида , барои иштирок дар музояда имзои рақамӣ гирифтаанд ва ёрии ҳуқуқӣ расониданд. Ба 10 нафар ҷавононе, ки дар музоядаҳои онлайн ғолиб омадаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Акнун ҷавонон метавонанд дар ин заминҳо дар асоси тамоюли «як мавзеъ — як маҳсулот» сабзавот, картошка, зироатҳои лӯбиёгӣ, гулу кабудӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулотро парвариш намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки 60 ҳазор гектар замини захираи ҳокимиятҳои ноҳияҳо ба музоядаҳои электронии онлайн гузошта шуда, барои ташкили хоҷагиҳо ба ҷавонон ба иҷора дода мешавад. Тавассути ин системаи наве роҳандозӣ мегардад, ки занҷирро аз истеҳсол то фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ фаро мегирад. Тибқи он, ғолибони музоядаҳои электронии онлайн имкон доранд, ки нархи қитъаи заминро бо қисмҳои баробар ба мӯҳлати 10 сол бидуни фоиз пардохт кунанд.
Бояд гуфт, ки чунин ислоҳоти мақомоти адлия дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба таъмини шуғли ва афзоиши даромади онҳо хизмат мекунад.

Мансур ҲАСАНОВ, корманди Садорати адлияи вилояти Самарқанд