Ovozi.uz

Ба Ӯзбекистон партияи нави воситаҳои доруворуи зидди гепатити С оварда шуд

Тибқи хабари «Дунё» АА ба Ӯзбекистон партияи шашум дар соли 2024 воситаҳои дорувороии гепатити С дастрас гардид. Доруи «Софосбувир-400», ки рӯзи 25 феврал оварда шудааст, аз 12 қуттӣ 6720 дона иборат буда, аз ҷониби институти илмию-санҷишии Вирусологияи назди Вазорати ҳифзи тандурустӣ ба беморон тақсим карда мешавад. Бояд гуфт, ки аз тарафи ҳукумати Миср то соли 2025 ба қимати 4,2 миллион доллари ИМА ҷамъ, 800 ҳазор дона воситаҳои дорувории зидди гепатити С бо номҳои «Даклатасвир», «Софосбувир» ва зидди гепатити Б «Энтакавир» ба сифати ёрии беғараз ба Ӯзбекистон аз рӯи созишнома, оварда мешавад. То ҳол дар давоми соли 2023 ба қимати умумӣ 696 ҳазор доллар воситаҳои дорувории мазкур зина ба зина ба Ӯзбекистон оварда шудааст.