Дар Садорати вилоятии Палатаи кадастрҳои давлатӣ бахшида ба натиҷаи корҳои иҷрошудаи соли 2023 ва нақшаҳои соли 2024 пресс-тур ташкил гардид. Дар он ҷонишини сардори Садорати вилоятии агентии кадастр Шакарбой Бӯтаев ва ҷонишини роҳбари Палатаи кадарстрҳои давлатии вилоят Яшнар Давронов дар бораи корҳои иҷрошуда маърӯза карданд. Маълум шуд, ки дар вилоят соҳибони мулки ғайриманқули шахсиву ҳуқуқӣ 899290‑торо ташкил мекунанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 7329 адад зиёд аст. Яъне, аз ин шумора 5948‑тоаш ба шахсони воқеӣ ва 1381‑тоаш ба шахсони ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.
Дар асоси талаботи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2‑юми сентябри соли 2020 «Дар бораи тасдиқи регламенти маъмурӣ оид ба пешниҳоди баъзе хидматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи кадастр» шумораи аризаву дархостҳои соли гузашта ба шӯъбаҳои ҳудудии Садорати вилоятии Палатаи кадастри давлатӣ оид ба таҳияи шиносномаҳои кадастрӣ дар соҳаи хидматрасонӣ ба таври электронӣ ирсол гардидаанд. Онҳо 57919 ададро ташкил карда, 36059 ариза мусбӣ ҳал карда шудаанд. Инчунин, теъдоди муроҷиатҳо дар бобати пардохт ба 698 адад расидаанд. 20769 ариза (фармоиш)-и воридшуда рад гардидаанд.
Дар рафти маърӯза доир ба худсарона аз худ кардани замин низ сухан рафт. Зикр гашт, ки дар ин бобат на танҳо замини кишоварзӣ, ҳатто баъзеҳо барои аз худ кардани объектҳои маданӣ-таърихӣ, фонди хоҷагии ҷангалу об ва замини захиравӣ ҳам кӯшиш кардаанд. Садорати вилоятии Агентии кадастр нисбати онҳо чораҳо дида, дар давоми соли гузашта 3181 адад оиди ҳудудвайронсозӣ баённомаҳоро ба расмият даровардаанд. Аз онҳо 3088 корҳои маъмурӣ дида шудаанд.
Дар рафти пресс-тур ходимони соҳа ба журналистон оиди сохтори табодули ахбори «E-Yer nazorati» низ маълумот дода, бо асбобу таҷҳизоти замонавии топографӣ шинос карданд.
Б.ҶУМЪАЕВ
