Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 20-уми феврали соли равон таҳти раёсати Президенти мамлакат Шават Мирзиёев гузаронида шуд, вазифаҳои устувори соҳаи ҳимояи иҷтимоӣ муҳокима гардида, оид ба масъалаҳои васигиву парасторӣ ва кор бо бачаҳои аз парастории падару модар маҳрум як қатор супоришҳо дода шуд.
Дар муҳокимаи навбатӣ, ки дар ҳокимияти вилоят оид ба иҷрои вазифаҳои мазкур ва корҳои амалигардида дар ин самт ба назар мерасанд, баррасӣ шуданд.
Дар муҳокимаи таҳлиливу танқидӣ, ки бо роҳбарии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов гузаронида шуд, зикр гардид, ки соли 2023 дар миқёси вилоят 619 нафар ноболиғ ба қонуншиканиҳои гуногун даст задааст ва 69 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
80 нафари ноболиғон, ки қонуншканӣ кардаанд, дар шаҳри Самарқанд, 113 нафар дар ноҳияи Ургут, 82 нафар дар ноҳияи Пастдарғам ва 63 нафар дар ноҳияи Иштихон зиндагӣ мекунанд, ки ин боиси танқид гардидани фаъолияти масъулони минтақаҳои мазкур шуд. Ҳозирон ҳисоботи масъулони ин минтақаҳоро ҳам шуниданд.
Бино ба таҳлили масъулҳо, қисми зиёди ноболиғони қонуншиканиро бачаҳое ташкил мекунанд, ки бо сабаби ба хориҷа рафтан ё аз ҳам ҷудо шудани волидонашон бепарастор мондаанд.
Таъкид гардид, ки ба иштирок дар тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ ва меҳнатии ноболиғон, кӯмак ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар онҳо, ёрӣ додан ба реабилитатсия ва мутобиқ гардидани ноболиғоне, ки муддати ҷазоро адо намуда, баргашта меоянд, набояд беэътибор шуд.
Дар анҷом ба масъулон оид ба профилактикаи беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон, муайян ва бартараф кардани сабаб ва шароитҳои сар задани ин ҳолатҳо супоришҳо доданд.
Зикр гардид, ки таҳлили иҷрои вазифаҳое, ки дар муҳокимаи мазкур дода шуд, пас аз як моҳ бо рӯҳияи танқидӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Самарқанд.
