Ovozi.uz

Дар Пайариқ бинои нави соҳаи иҷтимоӣ ба истифода супурда шуд

Имрӯзҳо дар вилоятамон, аз ҷумла дар ноҳияи Пайариқ ҳам дар натиҷаи ислоҳоти амалишаванда дигаргуниҳои мусбӣ идома меёбанд.
Аҳолии ноҳия дар лоиҳаи “Буҷаи ташаббуснок”- соли 2023 фаъол иштирок карда, дар сафи ғолибон шуданд. Ба қарибӣ, дар ноҳия бинои ташкилоти таълими томактабии рақами 13, ки дорои 250 ҷой аст, сохта ба истифода супурда шуд.
Дар маросими кушодашавӣ ҷонишини ҳокими ноҳия Л.Ҷӯраев, масъулони шӯъбаи таълими томактабӣ ва мактабӣ ва ҷамоатчигии васеъ иштирок карданд.
Баъди суханронии Л.Ҷӯраев ҳамагон бо шароитҳои хуби дар бинои нав барои кӯдакон муҳайёгардида шинос шуданд.