Донистан хуб аст
Сокини шаҳри Дублин Артур Гиннесс соли 1759 дар назди дарвозаи Сент-Ҷеймс корхонаи хурди истеҳсоли пиво кушод. Бо гузашти солҳо ин корхона васеъ ва то соли 1833 ба калонтарин корхонаи Ирландия табдил гардид. Баъдтар компанияи Гиннесс соҳиби ду заводи калони пивопазии дигар шуда, ширкати калонтаринро ташкил дод.
Соли 1951 ширкати «Вексфорд» зиёфате орост, ки дар он роҳбари ҳамонвақтаи ширкати Гиннесс Хю Бивер иштирок дошт. Дар рафти сӯҳбат байни ҷамъомадагон баҳс дар бораи суръати парвози паррандае мерафт. Он гоҳ фикре ба сари Хю Бивер омаду қарор дод, ки китоби махсусе ташкил кунад ва ҳама ба воситаи он ба саволҳои худ ҷавоб ёбанд.
Крис Чэтуэй, собиқ варзишгари рекордсмен ва саҳмдори ширкати «Гиннесс Парк Ройал», ба Хю Бивер маслиҳат дод, ки барои ташкили чунин як китоби бузург бародарон Норрис ва Росса Макуиртерҳоро вобаста намояд, ки матбаае барои чопи ин китоб омода созанд.
Ҷамъоварии матлабҳои ғайриодӣ ва махсус 4 сол давом кард.
Ниҳоят, 27_уми августи соли 1955 нахустин китоби «Рекордҳои Гиннесс» дар ҳаҷми 198 саҳифа дастраси хонандагон гардид. Соли 1984_ум 50 миллион ва соли 1994 бошад, 75 миллион нусхаи китоб ба фурӯш баромад. Дар оғози ин садсола 100 миллион нусхаи китоб дастраси хонандагон гардид.
Китоби «Рекордҳои Гиннесс» дар зиёда аз 40 давлати дунё бо забони англисӣ нашр гардида, ба 37 забони олам тарҷума шудааст.
Аз таърихи китоби «Рекордҳои Гиннес»
