Ovozi.uz

БАРГНОМАҲО

Илҳом

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Вақте ки дар бораи дарахтон, гулу гиёҳ фикр мекунед, оё ҳеҷ андешидаед, ки дар байни онҳо ҷафокаштаринаш чист? Ба фикрам ин барг аст. Чунки барг ҳаворо тоза карда, чангу ғуборро аз мо дур мекунад. Ва ба маъное ғами саломатии моро хӯрда, дар поён, дар фасли тирамоҳ аз дарахт ҷудо мешаваду ба гӯшаву канор ҳусни тиллоӣ мебахшад. Ҳатто дар лаҳзаҳои вопасини умри худ барои ба дили инсонҳо завқ бахшидан мекӯшад.
Манзараи табиати зарнисор бароям хеле таъсиргузор аст ва худро дар ин фасл, яъне дар айёми хазонрезӣ андаке рӯҳафтода ҳис мекунам. Вале на дар ҳадде, ки шумо фикр мекунед?
Дар рехтани ҳар як барг умри одамеро мебинам. Баргҳо ҳам монанди одамонанду муддате зиндагӣ мекунанд, барои ҷамъият фоидае меоранду рӯзе бо замин яксон мешаванд. Барои барг зиндагии ҷовидона вуҷуд надорад…
Чӣ аҷиб аст, ки баргҳо табиатро тоза менамоянду ба одамон барои бештар чашидани лаззати зиндагӣ ёрӣ мерасонанд. Ва метавон гуфт, ки дар ҷамъият хидмати як барг аз будани як одаме, ки тӯли умр ба касе нафъе нарасонд ва кори фоидаоваре накард ё аз худ номе нагузошт, бештару беҳтар аст.
Дар зиндагӣ ҳадди ақал монанди як барг бошем. Ба ҳеҷ кас зарар нарасонему фоида­амон бештар бошад.
***
Парвона НУСРАТОВА
Гӯшаву канор сабзу хуррам аст. Ба кадом омил? Албатта, бо зебу таровати мо баргҳо. Чун мо аз субҳ то шом зери нурҳои заррини офтоб ва аз шаб то саҳар таҳти фурӯғи маҳтоб ҷило медиҳем. Гар мо ва шохаҳо аз дасти ҳам надорем, одамон чӣ тавр метавонанд аз манзараи дилкаши боғ лаззат бубаранд…
Офтоб ҳама рӯз моро метафсонад. Шамол ба ду рӯи мо шаппотӣ мезанад. Ба ночиз буданамон нигоҳ накарда, шабнам рӯямонро манзили хеш қарор медиҳад. Гӯё ҳамаи онҳо мехоҳанд, ки мо дасти шохро раҳо кунем ва худро ба ихтиёри бод супорем. Вале шох ҳам намехоҳад, ки дар гармои тобистон дасти моро сар дода, урёну безеб бимонад.
Охир, мо дасти ҳамдигарро боз кунем, одамон чӣ кор мекунанд? Дар ҳавои гарм куҷо паноҳ меҷӯянд? Аз нури сӯзони офтоб ба кадом сӯ мегурезанд? Магар зери дарахти сербарг, дар ҷойи сояву салқин нишаста, нӯшидани чой ҳаловатбахш нест?
Гузашти вақту тағйири обу ҳаво ба мо ҳам бетаъсир намемонад. Баробари сард гардидани ҳаво, одамон ҷойи офтобӣ мекобанд ва аз сояи мо канор мераванд. Баъд оҳиста-­оҳиста мо дасти ҳамдигарро сар медиҳему шамоли тунд моро ба чор сӯ пароканда мекунад. Мо боз мехоҳем, ки дар болои хоку обу лой ҳам ба инсонҳо завқ бахшем. Онҳо моро дар каф гирифта, акс меафтанд, аз болояшон мепошанду навор мегиранд. Ва дар ниҳоят нафаре моро бо ҷорӯб ҷамъ карда, мебарад ба як гӯшаи аз назар дур…
***
Юсуф ҒАФФОРОВ
Тирамоҳ. Шамоли фораме мевазад. Баргҳои дарахти сафедор дар зери савти шамол ба маъное мерақсанд. Шамол садои баҳси ду баргро ба гӯш мерасонад.
— Беҳтарин ҷой, ҷойи ман аст, — ҳавобаландона гуфт барги нӯги дарахт ва аз боло ба баргҳои шохаҳои поён нигоҳ карду ботамасхур илова кард:
— Ман аз ҳама барги зебо ва хушбахтам. Чунки аввалин нурҳои офтоб рӯйи маро сила мекунанд. Насими форам ҳамеша димоғамро муаттар месозад. Аз чангу ғубору дуди мошинҳо то ба ман гарде намерасад.
— Бузургӣ дар боло будан нест, — аз суханони барги такаббур оташин шуда гуфт барги шохаи поини дарахт. — Ин баргҳое, ки дар замин пояндоз шудаанд, замоне чун ту дар шохаҳои боло буданд. Бисёр худситоӣ карда, рӯ ба ҳар тараф оварданд ва сару садои бисёр карданд. Бубин, ки ҳолашон чӣ шуд?
— Ман чун онон гаранг нестам, ки ба осонӣ домани дарахтро раҳо кунам. Доноям ва бо тамоми ҳастӣ шохаро маҳкам доштаам, — гуфту саргарми ҳавобаландӣ шуд.
Дар ин миён шамоли форам тунд гашт, ба хурӯш омад ва барги мағрурро аз шохи дарахт канду ба поин афтонд.
Вақте ки барги мутакаббир поин мерафт, фаҳмид, ки ҳамаи пастиҳои зиндагӣ аз ҳавобаландист…