Ovozi.uz

Дар Самарқанд робитаҳои маданию гуманитарии байни Ӯзбекистону Туркия баррасӣ гардид

Дар шаҳри Самарқанд нахустин ҷамъомади комиссияи муштарак дар соҳаи маданият байни Ӯзбекистону Туркия баргузор шуд.

Дар он ҷонишини вазири маданият Муродҷон Маҷидов, як гурӯҳ масъулини соҳа ва аъзои ҳайати вакилон таҳти роҳбарии ҷонишини вазири маданият ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Батуҳан Мумку иштирок карданд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои кино, театр ва сирк, санъати эҷодӣ ва амалӣ, мероси фарҳангӣ ва осорхонашиносӣ, мусоидат ба рушди фарҳанг, ҳамкорӣ барои ҳифзи объектҳои мероси моддӣ ва ғайримоддӣ тавассути технологияҳои муосир, аз ҷумла дар соҳаи интегратсияи зеҳни сунъӣ, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ намудани ташаббусҳои пешниҳодкардаи ҳамдигар дар соҳаи маданият ва табодули таҷриба баррасӣ шуданд.

– Созишномае, ки дар бораи рушди равобити фарҳангӣ дар чаҳорчӯби ташрифи Президенти Туркия ба Ӯзбекистон дар соли 2018 ба имзо расида буд, ҳамкориҳои ду кишварро ба сатҳи нав баровард, — гуфт ҷонишини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Батуҳан Мумку. – Дар ҷамъомади имрӯза мо роҷеъ ба ташкили рӯзҳои фарҳангӣ ва синамои миллӣ, ҳафтаҳои театрӣ дар ҳарду кишвар, эҷоди филмҳо ва асарҳои саҳнавӣ дар ҳамкорӣ, инчунин, таблиғи ташаббусҳои фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо UNESCO, ICESCO, TURKSOY ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ба мувофиқа расидем. Боварӣ дорем, ки ин корҳо ҳамкориҳои дарозмуддати ду кишварро дар соҳаи маданию гуманитарӣ таъмин хоҳанд кард.

Дар поёни мулоқот баёнияи созиш оид ба таъсиси комиссияи муштараки фарҳангии ду кишвар имзо гардида, ҷамъомади Комиссияи муштараки II дар соҳаи фарҳанги Ӯзбекистон ва Туркияро барои дар соли 2025 дар Туркия гузаронидан ба мувофиқа расиданд.