Ovozi.uz

Муваффақиятҳои муштзанҳои ӯзбекистонӣ

Дар мусобиқаи муштзанӣ, ки дар Италия мегузарад, 5 муштзани ӯзбекистонӣ роҳхати Олимпиадаро ба даст овард
Рӯзҳои 3-11-уми март дар шаҳри Бусто-Арситсиои Италия мусобиқаи якуми квалификатсионии ҷаҳонӣ, ки ба бозиҳои Олимпии Париж-2024 роҳхат медиҳад, шуда гузашт. Дар он дастаҳои мардона ва занонаи Ӯзбекистон бо 9 нафар муштзан иштирок карданд.
Дар поёни мусобиқа дастаи мардона дар тамоми тоифаҳои вазн соҳиби роҳхатҳо шуд. Аз занҳо бошад, танҳо Сабина Бобоқулова масъалаи ба Олимпиадаи Париж-2024 рафтанро ҳал кард.
Мушзанҳои ӯзбекистонӣ, ки дар мусобиқи Италия роҳхатҳоро барои иштирок дар Олимпиадаи Париж-2024 ба даст оварданд:
-50 кг: Сабина Бобоқулова
-63,5 кг: Руслан Абдуллаев
-71 кг: Асадхўҷа Мўйдинхўҷаев
-80 кг: Тўрабек Ҳабибуллоев
-92 кг: Лазизбек Муллоҷонов
Ҳоло дастаи мардонаи Ӯзбекистон дар таркиби пурра – дар 7 вазн ҳам ба роҳхати Париж-2024 соҳиби кард. Занон бошанд, танҳо дар 2 тоифаи вазн роҳхат гирифтанд, дар пеш мусобиқаи литсензионии дар Таиланд гузаранда ҳаст.
Хотиррасон мекунем, то ин вақт тавассути дар Бозиҳои Осиё – Ҳангжоу-2022 ҷоизадор шудан, Нигина Ўктамова, Абдумалик Халоков, Ҳасанбой Дўсматов ва Баҳодур Ҷалолов ҳам роҳхати Олимпиадаро ба даст оварданд.