Роҳбари вилоят бо ҳамроҳии роҳбарони секторҳо ва масъулини соҳа хонадонҳои аҳолии маҳаллаҳои Гулобод ва Зарафшони ноҳияи Булунғурро аз назар гузаронида, бо соҳибон, нурониён ва ҷавонони хонадонҳо суҳбат кард.
Дар давоми суҳбат ба зери тозиёнаи танқид гирифта шуд, ки ҳама ҳам аз замини наздиҳавлигии худ истифодаи самаранок намебарад, хусусан, дар ҳоле, ки дар замин соле 2-3 маротиба ҳосил гирифтан мумкин аст, баъзе заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ҳатто бо трактор ронда нашуда ё навъҳои зироати камҳосил кишта шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот бо аҳолӣ, оид ба иваз намудани симчӯбҳои кӯҳнаи таъмирталаби маҳаллаи Гулобод супоришҳо дода шуд. Қайд гардид, ки ба сокини маҳаллаи Зарафшон Убайдуллобобо Валиев ва ҳамсари ӯ роҳхати санатория дода мешавад.
