Дар хонаи муруввати бачагонаи оилавии “Ворисони оянда”, воқеъ дар маҳаллаи Ӯзбеккентии шаҳри Самарқанд дастархони ифторӣ оростанд.
– Моҳи меҳру шафқат, мағфирату раҳмат савоби зиёд дорад, — гуфт саримом-хатиби вилоят Зайниддин Эшонқулов. – Дар ин рӯзҳои муборак хабар гирифтан аз рӯзгори ниёзмандон, кӯмак ба онҳо амали хайр аст. Имрӯз бо мақсади шод кардани тарбиягирандагони хонаи муруввати бачагона ба дидори онҳо омадем. Бовар дорем, ки ин писару духтаракон дар оянда барои Ватан, халқ ва дини мубинамон садоқатмандона хидмат мекунанд. Офаридгор ҳамеша ёру мадагори онҳо бошад.
Ба 20 нафар тарбиягирандагони ин маскан, ки бо тақозои тақдир аз парастории волидон маҳрум гардидаанд, тӯҳфаҳои рамазонӣ тақдим карда шуд. Бар асоси дархости пешакии тарбиягирандагон ба онҳо телевизор тӯҳфа карда шуд.
Ёдовар мекунем, ки чунин чорабиниҳои нек дар шаҳру ноҳия, маҳаллаҳои вилоят низ гузаронида мешаванд. Аз ҳоли шахсони ногироидошта, камбизоат, бемор ва бепарасторон хабар мегиранд. Ба онҳо аз ҷониби имом-хатибҳо ҳадяҳои рамазонӣ тӯҳфа карда мешавад.
Т.НАРЗУЛЛОЕВ
Барои бачагон дастархони ифторӣ ороста шуд
