Ovozi.uz

БИХӮРЕД, БИНӮШЕД,ВАЛЕ ИСРОФ НАКУНЕД…

Рӯзи истироҳатӣ партову пасмондаҳои гӯшаву канори ҳавлиро дар борхалтаҳо ҷамъ карда, партовхона бурдам.
Марде, ки бо оилаи худ дар хонаи хурдакаки шафати партовхона мезист ва барои тозагии гирду атрофи он масъул буд, аз даруни қуттии партов чизеро чида, ба борхалта меандохт. Салом дода, ҳол пурсидам.
— Ташаккур, — хиратабъ гуфт мард.
— Хидматҳои шумо шоёни таҳсин аст, — гуфтам. — Аз бозе, ки кӯчида омадед, ҳамеша атрофи партовхона тоза аст. Кам нашавед.
— Кори мо ҳамин, — хоксорона ҷавоб дод. — Лекин гоҳ ҳамин кор ҳам малол меояд.
— Чаро? Ягон мушкиле ҳаст? — бо тааҷҷуб пурсидам.
— Муаммо дар кор не, дар одамон, — гуфт ва даҳони борхалтаи худро кушода илова кард:
— Ин нонҳоро бинед, — чанд пораи калони нонро аз борхалта гирифт. —Чӣ қадар одамон ба нонреза зору баъзе одамон нон камтар сахт шавад, ба партов мепартоянд. Дар селофани алоҳида гиранд ҳам дарди ба хайр, дар даруни пӯсту пӯчоқу ахлот меандозанд. Ҳамин ношукриҳоро дида, кайфият расво ва аз кор дил хунук мешавад, — оҳ кашид мард.
— Ҳа, — андешамандона гуфтам ва халтаҳоро гузошта, хона баргаштам. Роҳ ба роҳ дар бораи исрофкориҳои мардум фикр кардам ва ҳамин андешаҳо водор кард, то дар ин мавзӯъ матолибе омода кунам.

735 миллион нафар аҳолӣ аз гуруснагӣ азият мекашанд

Аввалин саволе, ки ба сарам зад, ин буд: ҳоло дар ҷаҳон чӣ миқдор одамон аз гуруснагӣ ва норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ азият мекашанд? Барои ҷавоб дарёфтан сар ба шабакаҳои иҷтимоӣ задам. Интернет дар як лаҳза ҳазорон маълумотро пешкаш кард, ки дар байни онҳо эътимодноктаринаш маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ буд. Бино ба маълумоти ин созмон дар 50 соли охир бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маводи зарурӣ истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ қариб 300 дарсад афзудааст. Новобаста аз ин, мувофиқи ҳолати соли 2023 ба ҳисоби миёна 735 миллион нафар аҳолии рӯйи замин аз гуруснагӣ ва камғизоӣ азият мекашанд. Маҳз дар чор соли охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, пандемияи коронавирус ва низоъҳои гуногун шумораи гуруснагон дар ҷаҳон 122 миллион нафар зиёд шудааст.
Аз рӯйи маълумотҳо дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Кения, Покистон, Афғонистон, Сурия ва Мянма ҳолатҳои гуруснагӣ бештар ба чашм мерасанд. Масалан, дар Африқо аз ҳар панҷ сокин як нафар гурусна будааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон қисми зиёди маҳсулоти истеъмолӣ исроф мегарданд ва ба партов табдил меёбанд. Аз рӯйи маълумоти Барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ ҳар сол дар ҷаҳон тақрибан 4 миллиард тонна хӯрокворӣ истеҳсол шуда, сеяки ин маводи ғизоӣ, яъне беш аз 1,3 миллиард тонна маҳсулот исроф мешудааст. Дар натиҷа, ҳамасола иқтисоди ҷаҳонӣ 1 триллион доллари амрикоӣ зарар медидааст. Ба худ андешидам, ки ин маблағ андак нест ва наход мамлакатҳои ҷаҳон бобати пешгирии исрофкорӣ чорае намеандешанд? Ва ба дархости «Таҷрибаи ҷаҳон дар пешгирии исрофкорӣ» аз интернет маълумот ҷустуҷӯ кардам.

Маъракаи «Табақчаи тоза»

Дар натиҷа маълум гашт, ки ҳоло кишварҳои ҷаҳон бар зидди исрофкории маводи хӯрокворӣ бо роҳҳои гуногун мубориза мебаранд. Масалан, 29‑уми апрели соли 2021 Парлумони яке аз кишварҳои пуриқтидор ва рушдкардаи ҷаҳон — Чин қонуне «Дар бораи мубориза бо истифодаи исрофкоронаи маҳсулоти ғизоӣ» ба имзо расондааст. Инчунин, дар Чин мунтазам маърака(аксия)-и «Табақчаи тоза» гузаронида шуда, дар доираи он одамон таоми худро пурра хӯрда, табақчаи тозаро дар саҳифаҳои иҷтимоии худ мегузоштаанд.
Дар Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон низ Қонун «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гардидааст, ки маҳз барои пешгирии исрофкориҳо дар маросимҳои милливу динӣ ва кам кардани хароҷоти беҳуда нигаронида шудааст. Инчунин, комиссияҳои доимӣ ташкил гардида, мунтазам иҷрои меъёрҳои қонунро назорат мекардаанд.
Дар кишварҳои Аврупо низ дар ин самт чорабиниҳои муҳим андешидаанд. Аз ҷумла, дар яке аз тарабхонаҳои Чехия аз муштариёне, ки ғизоро пурра истеъмол намекунанд, ҷарима ситонида мешудааст.
Дар Дания барномаи махсуси Too Good To Go ба кор андохтаанд, ки дар бораи маҳсулоти ба фурӯш нарафтаи тарабхона ва супермаркетҳо маълумот медодааст. Аз барномаи мазкур 11 кишвари Аврупо истифода бурда, ба ин восита талафёбии ҳазорҳо килограмм хӯроквориро пешгирӣ мекардаанд.

Исрофро душман дор…

Дар ҳақиқат, мафҳуми исрофкорӣ доираи васеъро фаро мегирад ва ҳоло ба яке аз мушкилоти иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар ин маврид дар дини мубини Ислом низ ҳадису ривоятҳои зиёд мавҷуданд.
— Аз исрофкорӣ бояд эҳтиёт шуд, — гуфт саримом хатиби вилоят Зайниддин Эшонқулов. — Дар сураи Аъроф ояти 31‑уми Қуръони Карим Худованд бандагонашро аз исрофкорӣ манъ намуда, мефармояд, ки «Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед, зеро Ӯ (Худованд) исрофкоронро дӯст намедорад». Чӣ чизеро исроф кунем, он ҷавобгарӣ дорад. Бахусус, солҳои охир мардуми мо дар маъракаву маросим, тӯю тантанаҳо дабдабаи барзиёд, манманиву худнамоӣ намуда, ба исрофкориҳо роҳ медиҳанд. Инак, моҳи шарифи Рамазон сар шуд. Гоҳо мардум дар оростани дастархони ифтор низ исрофкорӣ мекунанд. Дар хонадонҳои худ, бе ҳашамат, хубу сарфакорона гузаронидани ифтор мувофиқи мақсад мебошад. Агар мо аз исрофгарӣ худдорӣ карда, маблағи барзиёди худро ба корҳои хайр сарф кунем, савоби бештар мегирем.
Унсурмаолии Кайковус дар «Қобуснома» навиштааст, ки «Исрофро душман дор, исроф зиндаро бимиронад». Воқеан, борҳо шунидаем ва шоҳид шудаем, ки баъзе оилаҳо дар базмгоҳҳои қимат тӯю маросимҳои дабдабадор гузаронида, танҳо барои дастархон маблағи бисёр сарф мекунанд ва дар натиҷа қарздор шуда, бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ меоянд. Афсӯс, ки пас аз тӯйи 2–3 соата аксар нозу неъматҳо дар рӯйи дастархон мемонанд.
Бино ба маълумоти Хидмати матбуоти Садорати андози давлатии вилоят ҳоло дар Самарқанд 1392‑то маскани хӯрокхӯрии умумӣ, 81‑то қаҳвахона, 169‑то ресторан ва 39‑то тӯйхона фаъолият доранд. Қисми асосии онҳо дар шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Ҳоло ба кадом ошхона, ресторан ё ки қаҳвахона равед, пури одам мебошад. Акнун тасаввур кунед, ки ҳамарӯза дар ин ресторану тарабхонаҳо чӣ қадар маҳсулот исроф гардида, аз қуттии партов ҷой мегиранд ё озуқаи чорво мешаванд? Саволи барҳақ ба миён меояд: оё дар кишвар бобати пешгирии исрофкорӣ ягон чора андешида шудааст? Оё дар қонунгузорӣ барои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба исрофкорӣ роҳ додаанд, ягон ҷавобгарӣ муқаррар гардидааст?

Оё аз Барномаи «Истеъмоли оқилона» хабар доред?

Вақте бо ин савол ба шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат кардем, маълумоти аҷибе пеш омад. 31‑уми майи соли 2023 Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ташкили самарбахши фаъолияти Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим» имзо гардидааст. Мувофиқи қарор дар назди вазорат вазифаи то 1‑уми июли соли 2023 таҳияи барномаи «Истеъмоли оқилона» гузошта шудааст ва татбиқи тавсияҳои Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бобати кам кардани партовҳои озуқаворӣ ва пешгирии исрофкории аз ҳад зиёд чун вазифаи асосии барнома муқаррар гардидааст. Инчунин, бо қарор масъулон вазифадор шудаанд, ки дар рафти омодасозии барномаи «Истеъмоли оқилона» ба масъалаҳои зерин эътибор диҳанд:
— муқаррар намудани меъёри оқилонаи истеъмоли хӯрокворӣ дар чорабиниҳое, ки мақомоти давлатӣ ташкил мекунанд, кам кардани истеъмоли зиёдатӣ, аз ҷумла муайян кардани меъёри хӯроки якмаротибаина барои як нафар;
— нисбати маҳсулоти хӯрокворӣ баланд бардоштани масъулияти тадбиркорон ва истеъмолкунандагон дар соҳаи хӯроки умумӣ;
— ташаккул додани одатҳои дурусти хӯрокхӯрӣ дар байни аҳолӣ ва пешгирии исрофкории зиёдатӣ, инчунин, маҳдуд кардани тарғиби истеъмоли аз ҳад зиёд;
— андешидани чораҳои молиявӣ нисбат ба шахсоне, ки ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, инчунин, роҳандозии механизми назорат.
Мутаассифона, дар бораи таҳия гардидани барномаи «Истеъмоли оқилона» маълумоте дастрас карда натавонистем. Яъне, аз байн қариб як сол гузашта бошад ҳам, то ҳол барнома омода нашудааст.
Фикр мекунем, ки роҳандозӣ гардидани барномаи «Истеъмоли оқилона» дар ташаккули маданияти истеъмоли маҳсулот ва пешгирии исрофкориҳо қадами устувор мегардад ва умедворем, ки масъулон ба ин масъала эътибор медиҳанд.

«Рӯйи дастархонаш ҳамтекак буд»

Дар зарбулмасале «Исроф накӯ нест ба ҷуз дар амали хайр» гуфта шудааст. Воқеан, имрӯз бо касе сӯҳбат накунем, исрофкориро чун одати бад маломат карда, таъкид мекунанд, ки «мо бояд шукргузору сарфакор бошем, исрофкорӣ накунем». Аммо гоҳо худи ҳамин шахсони «сарфакор» зидди гуфтаҳояшон амал мекунанд. Дар мавриди базм ё маросиме сӯҳбат ороянд, пеш аз ҳама «рӯйи дастархонаш даҳшат буд» ё «рӯйи дастархонаш ҳамтекак буд» мегӯянд.
Шояд ин ҳама натиҷаи аз маънавият, маърифат, китобхонӣ дур шудани мо бошад ва инак, фурсате расидааст, ки бобати пешгирии исрофкорӣ, ба тартиб андохтани тӯю маросимҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва моддӣ, ташаккули маданияти сарфакорӣ дар байни аҳолӣ чорабиниҳо андешида шавад. Дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои намояндагони пешқадами ҷомеа шунида шуда, бобати пешгирии ин иллати иҷтимоӣ барномаҳои муфид роҳандозӣ ва корҳои зарурӣ амалӣ гарданд. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем барои насли ояндаи худ ҳаёти хушбахтонаро таъмин созем ва онҳоро аз чунин хатару иллатҳо эмин нигоҳ дорем.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.