Рӯзи 18-уми март, ширкати Air Marakanda дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд бахшида ба дуюмин солгарди ифтитоҳи терминали худ тадбир баргузор кард.
Дар терминали фурудгоҳ ситораи сатҳи ҷаҳонӣ ва сафири фурудгоҳ Севара Назархон барои меҳмонон ва мусофирон консерти зинда намоиш дод. Ҳар касе метавонист ба иҷрои зиндаи овозхони маъруф гӯш диҳад. Кормандон, мусофирон ва меҳмонони терминал дар давоми чил дақиқа аз сурудҳои сарояндаи дӯстдоштаи худ лаззат бурданд.
Артем Пак, ҷонишини директори генералӣ оид ба тиҷорати Air Marakanda низ сухани табрикӣ кард.
Дар доираи чорабинӣ дар терминали фурудгоҳ фотоминтақа бо логотипи терминал низ ташкил гардида, дар арафаи ҷашни баҳори Наврӯз ба ҳамагон сумалак тақсим карда шуд.
Air Marakanda аввалин ширкати хусусист, ки дар таърихи авиатсияи Ӯзбекистон фурудгоҳи байналмиллалиро дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ идора мекунад.
Дуюмин солгарди ифтитоҳи терминали аэропорт
